Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломгароён ба таҳрими моли Русия ва Чин даъват карданд


Ҳаммом Саид, раҳбари Ихвон-ул-муслимини Урдун
Ҳаммом Саид, раҳбари Ихвон-ул-муслимини Урдун
Исломгароёни Урдун рӯзи якшанбе аз мусулмонони ҷаҳон ва олами араб даъват карданд, ки ба нишони эътироз молу маводи тавлиди Русия ва Чинро таҳрим кунанд. Раҳбари Ихвон-ул-муслимини Урдун Ҳаммом Саид гуфт, русҳо ва чиниҳо нишон доданд, ки “онҳо дар қатли мардуми Сурия саҳм мегиранд.” Барандаи Ҷоизи сулҳи Нобел аз Яман Таваккул Карман дар конфаронси амниятӣ дар Мюнхен гуфт, ҳамаи кишварҳо бояд сафирони Сурияро ихроҷ кунанд ва дипломатҳои худро аз Сурия фаро хонанд. Марокаш аз ҳамаи давлатҳои араб хост, равобити худро бо Димишқ, ки дар тазоҳуроти ёздаҳмоҳаи мардум зидди режим зиёда аз 6000 нафарро куштааст, қатъ кунанд.
XS
SM
MD
LG