Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳори араб" дар роҳ ба сӯи Осиёи Миёна?


Раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Узбакистон
Раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Узбакистон

Дар давоми 20 соли истиқлол, Қазоқистон ҳамеша аз суботи сиёсиву иҷтимоии худ ифтихор мекард.

Сармоягузорони хориҷӣ низ бо назардошти ҳамин омил миллионҳо долларро дар бахши энержии ин кишвар рехтанд.

Вале рӯйдодҳои 16-уми декабри шаҳраки Жаноазен, ки 17 нафар кушта бар ҷой гузошт, то андозае ин ақидаҳоро тағйир дод. Гузашта аз ин, баргузории интихоботи парлумонии 15-уми декабр нишон дод, ки ҷараёни гузор ба демократия дар ин кишвар хеле заиф аст. Ғарб мушоҳида кард, ки дар ин кишвар нишонаҳое вуҷуд надорад, ки Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури 71 сола ба истиқболи шеваҳои ғарбии демократия оғӯши худро боз кунад.

Досим Саптаев-таҳлилгари умури Қазоқстон низ мегӯяд, дар дохили кишвар фазои мусоид барои рушди демократия вуҷуд надорад, бо вуҷуди ин Ғарб аз равандҳои демократӣ ба таври шадид интиқод накард: “Барои Ғарб, яъне Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Қазоқистон аз ду нуқтаи назар муҳим аст: Ҳамчун манбаи маводи хом ва ҳамчун ҳамкори муҳими геополитикӣ. Қазоқистон бо Русияву Чин, ки Ғарб онҳоро рақибони билқувваи худ мешиносад, ҳамсоя аст. Ба ҳамин сабаб муносибати Ғарб бо Қазоқистони имрӯзӣ собит ва то андозае қобили ҳамкорист.”

Аммо Узбакистон аз Қазоқистон фарқ дорад. Солҳои ахир режими президент Ислом Каримов сиёсати хориҷии худро чанд дафъа тағйир додааст. Досим Саптаев вазъ дар Узбакистонро ғайриқобили пешбинӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, Узбакистон то ҳодисаҳои соли 2005 дар Андиҷон бо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ҳамкории фаъол дошт. Вале баъд аз он бо Русияву Чин наздик шуд. Вале дар ин миён борҳо талош кардааст, ки бо Ғарб пулҳои ҳамкориро дубора барқарор кунад.

Узбакистон бо доштани марзи муштарак бо Афғонистон барои Ғарб дар минтақа дорои мавқеи хуби ҷуғрофиёӣ аст. Аммо дар мавриди Тоҷикистон Досим Саптаев мегӯяд, ин кишвар мисли Қазоқистону Узбакистон ё Туркманистон барои Ғарб бо захоири табии худ чандон дилпазир нест.

Вале баъд аз сард шудани муносибот бо Русия, кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд ин холигоҳро дар фазои сиёсии Тоҷикистон пур кунанд: “Бо назардошти ин, ки вақтҳои ахир муносибати раҳбарияти Тоҷикистон бо Русия каме сард шуд, Тоҷикистон бо Чину Эрон ҳамкории фаъол дорад. Ғарб низ мехоҳад холигоҳи сиёсиеро, ки дар миёни Маскав ва Душанбе ба вуҷуд омадааст, пур кунад."

Таҳлилгарони умури Осиёи Марказӣ ба ин назаранд, ки вазъи демократия дар кишварҳои Шӯравии собиқ аз демократияи Ғарбӣ фарқ дорад.

Аз ҷумла, Сӯҳроб Шарифов-намояндаи парлумони Тоҷикистон мегӯяд, гарчӣ рӯйдодҳои "баҳори араб" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ имконпазир нест, вале омилҳои он дар минтақа дида мешавад: “Режимҳои ин кишварҳо пурра демократӣ нестанд, президентҳои кунунӣ солҳои тӯлонӣ дар сари қудрат боқӣ мондаанд. Ман фикр мекунам, он омилҳое, ки имрӯз вуҷуд дорад, барои инқилобҳое мисли "баҳори араб" кофӣ нест.”

Оқои Шарипов мегӯяд, дар кишварҳои арабӣ Ғарб аз инқилобиён ҳимоят мекард ва ин кишварҳо зери нуфузи Амрикову Аврупо қарор доштанд. Аз лиҳози ҷуғрофиёӣ низ кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли кишварҳои арабӣ бо роҳҳои обӣ наздик нестанд, то кӯмакҳои Ғарбро ба осонӣ дарёфт кунанд, балки кишварҳои кӯҳистонӣ мебошанд.
Гузашта аз ин, неруҳои хориҷӣ то соли 2014 аз Афғонистон фаро хонда мешаванд ва дар солҳои наздик Ғарб хостори субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, режимҳои мавҷудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифони сисёсии худро намегузорад аз роҳҳои демократӣ вориди саҳнаи сиёсӣ шаванд, балки худашон “мухолифон”-и дастнишонда дуруст мекунанд ва барои онҳо “имтиёз”-ҳо низ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG