Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷаноби олӣ, бо омадани Шумо кисаи моро холӣ мекунанд"


Мардум ба ҳарфҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи кам кардани харҷи сафари ӯ ба шаҳру навоҳӣ баҳои мухталиф медиҳанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои нахустин бор аз минбари баланд ба раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар таъкид кард, ки дигар барои истиқболу гусели ӯ аз мардум пул ҷамъ накунанд.

Ӯ гуфт, ҳангоми сафараш ба навоҳии кишвар мардуми оддӣ шиква кардаанд, ки раҳбарони шаҳру навоҳӣ ҷайби онҳоро барои харидани қолину гул ва минбар холӣ мекунанд.

"Ба ман даҳҳо нафар муроҷиат карданд, ки ҷаноби олӣ ҳар вақте Шумо ба ноҳияи мо сафар мекунед, кисаҳои моро холӣ мекунанд. Мо куҷо равем? Раисони ноҳияҳо мардумро даъват мекунед, ки раисиҷумҳур меояд, пул биёр. Қолин мехарем, пул биёр. Гул мехарем, пул биёр. Ин чӣ гап? Бардоред ин чизҳоро, накунед!",-таъкид кард президент.

Матбуоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо мақомоти расмиро сарзаниш кардаанд, ки зимни истиқболи раисиҷумҳур, шурӯъ аз ҷамоат то мақомоти ҳукумати ноҳияҳо, бо ҷамъоварии пули зиёд аз ҷайби мардуми оддӣ тамаллуқкориву муболиғасозиҳо мекунанд.


Ҳарчанд президент маҳз дар ҷаласаи ахири ҳукумат бо лаҳни тунд ин ҳарфҳоро ба забон овард, вале мардуме, ки беш аз як даҳсола ҷайби худро ба сафарҳои президент ба навоҳӣ холӣ кардаанд, ба иҷрои ин ҳарфҳо чандон бовар надоранд.

Зеро борҳо бо шаклҳои мухталиф президент чунин ҳарфҳоро ба забон оварда, вале боз мисли пешин ҳангоми сафараш ба навоҳии кишвар миёни ҳукуматҳои навоҳӣ ва вилоятҳо як мусобиқае сурат мегирад, ки ҳар кадоме мехоҳад бештар аз дигаре Эмомалӣ Раҳмонро бошукӯҳ истиқбол гирад. Агар яке талабаҳои мактабро барои сурудани шеърҳои тамаллуқомезона ҷалб кунад, дигаре кӯшиш мекунад, ки духтарчаҳои кӯдакистонҳоро дар пеши раисиҷумҳур қарор диҳад.

Ёқуби Саидзод
Ёқуби Саидзод
Рӯзноманигори тоҷик Ёқуби Саидзод мегӯяд, агар воқеан президент мехоҳад, ки аз мадҳияву харҷу масрафҳои сафари ӯ дар навоҳии кишвар ҷилавгирӣ шавад, беҳтараш супориш медод ва назорат бурда мешуд. Ба қавли ӯ, ин ҳарфҳо таблиғе беш набуданд.

"Ба назари ман, агар воқеан президент намехоҳад, ки дар навоҳӣ сарфу харҷи зиёд аз ҳисоби мардум шавад, супориш медод ва зарур набуд, ки ҳатман онро аз тариқи телевизион ба мардум нишон медоданд. Бубинед, ҳатто ҳангоми сафари президент ҳайатҳои ҳукумати навоҳӣ ҳамроҳи президент акс мегиранд ва мардумро метарсонанд, ки президент бо онҳо наздик аст",-афзуд ин хабарнигори тоҷик.

Дар зимн, раисиҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат, ки аз тариқи телевизион ба намоиш гузошта шуд, раисони навоҳиро сарзаниш кард, ки ба таблиғи худашон низ хотима диҳанд. Вақте ба ҳукуматҳои чанд навоҳӣ дар тамос шудем, ки харҷу сарфи сафари раисиҷумҳур чӣ қадар маблағро дар бар мегирад, онҳо аслан ҳарфе назаданд ва зуд гӯшии телефонро гузоштанд.

Ҷӯра Юсуфӣ
Ҷӯра Юсуфӣ
Ҷӯра Юсуфӣ, сардабири ҳафтаномаи "Дам"-и чопи Хуҷанд, мегӯяд, таъкиди раисиҷумҳур ба ҳукуматҳои навоҳӣ дуруст аст, вале ҳоло аз ин хушҳолӣ кардан барвақт мебошад. Вай меафзояд, сафарҳои баъдии президентро таъқиб хоҳад кард ва агар ин супоришҳо амалӣ шаванд, он гоҳ мешавад, ки хулосаи дуруст баровард.

Ӯ гуфт, "дар ҳақиқат, ҳангоми сафари президент аз мардуми оддӣ, муассисаҳо пул ҷамъ мекунанд ва вақте хабар мешавад, ки президент ба фалон ноҳия сафар мекунад, мардуми онҷоро бим мегирад. Агар ба раисони ин навоҳӣ ҷазо дода шавад ва барои ин амалҳои тамаллуқкорона барканор шаванд, мо ба ҳарфҳои президент бовар хоҳем кард."

Ҳамин тавр, бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки ин таъкиди президентро як ҷалби таваҷҷӯҳи мардуми оддӣ арзёбӣ мекунанд. Вале баъзеи дигар ишора мекунанд, ки ба ин ҳарфҳои раисиҷумҳур он гоҳ бовар хоҳанд кард, ки дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон ба сухани худ амал кунад.

Кеши шахспарастӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:34 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG