Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентпарастӣ дар Осиёи Марказӣ


Мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба дидани акси раисиҷумҳурони худ дар ҳамаҷо, чӣ дар истгоҳҳои автобус, чӣ дар канори роҳҳову, девори биноҳо одат кардаанд.

Дар Қазоқистон ҳоло як муҷассамаи азими Нурсултон Назарбоев қомат баланд мекунад ва дар Тоҷикистон тавре медонем, Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳурро “Ҷаноби Олӣ” хитоб мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё шахсиятпарастӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як бахши ҷудоинопазири фарҳанги сиёсӣ дар минтақа табдил меёбад.

Дар Туркманистон рӯзи 31-ум май ҷашни солонаи Рӯзи Қолинро таҷлил карда ва қолинҳои гуногунро дар намоишгоҳе дар шаҳри Ишқобод ба маърази тамошо гузоштанд. Аммо дар қолии бузургтарин пурнақшу нигори акси Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раисиҷумҳури Туркманистон наққошӣ шуда буд. Туркманҳо ба дидани акси раисиҷумҳурашон дар ҳамаҷо одат кардаанд, акси ӯро тақрибан дар тамоми рӯзномаву маҷаллаҳо ва дар тамоми автобусу троллейбусу, мошинҳои боркаши давлатӣ низ метавон дид.

Аммо чунин маддоҳӣ танҳо хоси мақомоти Туркманистон нест, балки расмест дар Осиёи Марказӣ, ки онро сар аз Ишқобод то Остонаву Тошканду Душанбе ҳам метавон мушоҳида кард. Барномаҳои хабарии телевизионҳои давлатӣ аксаран бо гузоришҳо аз сафарҳову суханрониҳои раиси ҷумҳур шурӯъ мешавад ва иқтибос аз суханрониҳои онҳоро дар дуртарин рустоҳои кишвар ҳам насб кардаанд. Аксу портретҳои раисиҷумҳур, ки барои он пули каме харҷ намешавад, дар тамоми утоқҳои раҳбарони маҳалливу шаҳриву минтақавӣ овезон аст.

Дар шаҳри Остона мардум мегӯянд, чунин эҳсос мекунед, ки Нурсултон Назарбоев аз ҳар кунҷи кӯчаҳои шаҳр ба шумо менигарад ва бино ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ ҳар дуввумин лавҳаҳои канори роҳ ё акси раиси ҷумҳурро доранд, ё иқтибосе аз гуфтаҳои ӯро. Дар Тоҷикистон, ки ба раиси ҷумҳур таври маълум «Ҷаноби Олӣ» хитоб мекунанд, кор то ҷое расид, ки Эмомалӣ Раҳмон амр дод, то аксҳои ӯ ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллиро барчинанд. Баъди ин амр лавҳаҳои зиёди канори роҳҳои мухталифи Тоҷикистон холӣ монданд.

Қироншоҳ Шарифзода, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, мақомоти расмӣ, ки ҳамеша бо чунин рафтор садоқат ба раисиҷумҳурро нишон медиҳанд, то чанд вақти дигар дастури ӯро фаромӯш хоҳанд кард.

Дар Қазоқистон ном Нурсултон Назарбоев, ба қавле, мӯд шуд, ки тоҷирон унвони ширкату муассисаҳои худро бо «Нур» оғоз мекунанд. Масалан, «Нургул Кафе», «Нурдорфон компанӣ» ва аз ин қабил чизҳо. Ҳоло мақомоти расмӣ ва баъзе аз тоҷирон мехоҳанд, барои нишон додани эҳтирому садоқат ба Нурсултон Назарбоев як муҷассамаи 330 ҳазор доллариро барои ӯ бунёд кунанд.

Дар Узбакистон, Ислом Каримовро ҳамчунин нависандаи серҳосил мешиносанд, ки то кунун 30 миллион нусха чоп кардааст, ки ба тамоми мардуми беш аз 20 миллирон нафарии Узбакистон бештар аз яктоӣ мерасад. Хондани баъзе аз ин китобҳо, ки баъзеҳо беарзиш мехонанд, барои донишҷӯёну устодон ҳатмист.

Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ин шахсиятпарастӣ як бахши фарҳанги сиёсӣ дар минтақа шудааст ва маҳз худи раиси ҷумҳурон сабаби чунин зуҳуроти манфӣ ҳастанд. Ба гуфтаи вай, агар раисиҷумҳурон ин гуна мадҳияву иғроқро таҳҳамул намекарданд, шахсиятпарастӣ ҳам чунин авҷ намегирифт. Вай мегӯяд, тамоми аксу шиорҳои муҷаллалу мадҳияву китоб ва тасвиру ситоиш дар матбуот ба обрӯву эътибори раиси ҷумҳурон дар миёни мардум намеафзояд, балки таъсири баръакс дорад.

Ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллоза, агар раисиҷумҳурон дар минтақа мехоҳанд соҳиби эҳтирому таҳсини мардум бишаванд, пас бояд ба ин васвасаи мадҳиясароӣ хотима диҳанд, вагарна ин таммалуқҳои муболиғаомез аз ҳад гузашта ва мардум баръакс ба онҳо механдад.

Намунаи дигари кеши шахс дар Озарбойҷон ба қолинбофӣ асар кардааст. Ин видеоро бубинед.

Кеши раҳбари Озарбойҷон дар қолинбофӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
XS
SM
MD
LG