Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собкалов: Муҳосираи роҳҳои оҳан амали сирф сиёсист


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон пайваста ба таъхир андохтани ҳаракати дубораи қаторҳо ба самти вилояти Хатлонро муҳосира номид ва гуфт, ин як «амали сирф сиёсист.» Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарие гуфт, рафтори ҷониби Узбакистонро фақат муҳосира метавон номид: САДО Ҳаракати қаторҳо ба самти ҷануби Тоҷикистон аз 16 ноябр қатъ шудааст. Тошканд мегӯяд, дар қисмати Ғалаба-Амӯзанг як пули роҳи оҳан дар натиҷаи «ҳамлаи террористӣ» тахриб шудааст. Аммо дар Душанбе ба ин далели ҷониби Узбакистон бовар надоранд. Ба ҳисоби Душанбе, то имрӯз дар ҳудуди Узбакистон 298 вагони роҳии Тоҷикистон банд мондааст.
XS
SM
MD
LG