Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бастани роҳ ҷуз муҳосираи иқтисодӣ чизи дигаре нест"


Мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон басташавии роҳ аз сӯи Узбакистонро ҷуз муҳосираи иқтисодӣ чизи дигаре намедонанд.

Тирамоҳи соли гузашта хадамоти роҳи оҳани Узбакистон иброз доштанд, ки бар асари як ҳамлаи террористӣ дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар ва тахриби як пул, рафтуомади қатораҳо ба манотиқи ҷанубии Тоҷикистон ғайри имкон шудааст.

Владимир Собкалов, муовини раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон омодааст роҳу пулро аз ҳисоби худ барқарор кунад. Ӯ афзуд, паёми сарвазири Тоҷикистон дар ин бора ба ҷониби Узбакистон фиристода шуд, вале посухе то кунун нарасидааст.

Ҷаноби Собколов гуфт, ки раиси ҷумуҳриро дар ҷараёни ин рӯйдод аз сӯи Узбакистон қарор додаанд ва ин масъала бояд дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар бояд баррасӣ ва ҳал шавад.

Вай афзуд: «Ҷаноби Исматуллоев, муовини мудир омили раёсати ширкати «Темир йуллари Узбакистон» дар иҷлоси Тошканд, ки ахиран баргузор шуд ба ман гуфт, ки барои таъмири пули роҳи оҳан барои мо як шабонарӯз зарур аст, агар раҳбарон, ба хусус Кумитаи амнияти миллӣ иҷозат бидиҳад.»

Ба назари ҷаноби Собкалов, ин гуфтугӯ баёнгари он аст, ки дар пули роҳи оҳани минтақаи Ғалаба -- Амузанг инфиҷор сурат нагирифтааст ва ин баҳона танҳо ба хотири масдуд кардани роҳи оҳан ва дар муҳосира қарор додани Тоҷикистон аст.

Хабарнигорон дар ин нишасти матбуотӣ мавзӯи қарори маҳрамонаи ҳукумати Узбакистон дар бораи коҳиши транзити колоҳо барои Тоҷикистон ва масдуд кардани масири ҷануби роҳи оҳани Тоҷикистон аз сӯи Узбакистонро матраҳ карданд.

Усмон Қаландаров, муовини дигари раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар посух гуфт: «Дар бораи қарори пӯшида ё маҳрамонаи ҳукумати Узбакистон мо аз тариқи интернет огаҳӣ ёфтем, вале воқеан транзити коло кам шудааст. Соли 2011 транзит нисбат ба соли 2010 як миллиону 32 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2009 панҷ миллион тонна кам шудааст. Дар 17 рӯзи моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми транзит 50 дарсад кам шудааст, ки гувоҳи қарори маҳрамонаи давлати Узбакистон аст.»

Ин дар ҳолест, ки ахиран сафири Узбакистон дар Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи бастани роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистонро ҷиддӣ нахонд ва гуфт, ки Узбакистон тамоми роҳҳои оҳанро набастааст ва роҳи масири Қудуқлӣ-Душанбе боз аст. Ба қавли хабарнигорон, ин иддаои сафири Узбакистон як эъломи солинавӣ дар «Литературная газета»-и замони шӯравиро ба ёд меорад, ки ба диққати бошандагони як бино навишта буд: «Эълом. Лифт ба далели фаннӣ кор намекунад. Лифти наздиктарин дар бинои ҳамсоя.»

Ба гуфтаи Владимир Собкалов, вазъи транзит дар масири Душанбе низ хуб нест ва қатораҳо дар вақти таъйиншуда ба Душанбе намерасанд. Узбакистон дар соли 2010 низ роҳи оҳани Тоҷикистон баста буд, ки Идораи роҳи оҳан ҳудуди даҳҳо миллион доллар хисорот дид.

Ба гуфтаи мақомоти роҳи оҳан, Узбакистон бо бастани масири ҷануби роҳи оҳани Толикистон дар минтақаи Ғалаба –Амузанг, транзити колоҳои НАТО аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистонро баста худ аз тариқи Тирмиз ин колоҳоро ба Афғонистон мерасонад ва бозори транзиту даромади комили онро дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG