Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани Амузангро кӣ тарконд?


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Узбакистон барои тармими пули роҳи оҳане, ки гӯиё дар пайи як “ҳамлаи террористӣ” тахриб шудааст, шитоб надорад.

Чанде пеш ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон аз “Узбекистон темир йуллари” нома расид, ки дар он гуфта мешавад, таҳқиқи ҳодиса ҳанӯз идома дорад ва тармими роҳ оғоз наёфтааст.

Хабари “ҳамлаи террористӣ” дар қитъаи Ғалаба–Амузанги роҳи оҳани Узбакистон баҳси пуршӯреро дар Интернет ҳам ба вуҷуд овард. Бисёриҳо эҳтимоли ҳамлаи террористиро дар ин мавзеъ зери шубҳа қарор додаанд.

Ба ғайр аз ин, мутахассисон менависанд, барои тахриби пуле, ки ақаллан як роҳи оҳан дорад, зери он бояд на камтар аз 60 килограм тротил ё маводи мунфаҷира гузошта шавад. Чунин бомбгузорӣ корҳои махсусеро металабад, ки бояд бо ҷалби наздик ба 10 нафар анҷом шаванд.

Коршиносон суол мегузоранд, ки чаро террористҳо пойгоҳеро ҳадаф қарор доданд, ки барои Узбкистон боаҳамият нест? Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо ҷодаи роҳи оҳани Ғалаба - Амузанг роҳест, ки аз он танҳо Тоҷикистон истифода мекунад.

Дар Тоҷикистон бисёре аз мардум ба ин назаранд, ки бо муҳосираи роҳи оҳан Узбакистон мехоҳад вазъро дар як минтақаи осебпазири Тоҷикистон печидатар кунад. Беш аз сеяки аҳолии Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон зиндагӣ мекунанд. Мардуми ин минтақа дар муқоиса бо мавзеъҳои дигари кишвар камбизоат ба шумор меоянд.

Амали террористӣ ё найранги сиёсӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:27 0:00
Линки мустақим

Вақти муҳосира низ ба гуфтаи коршиносон тасодуфӣ нест. Дар фасли сармо бо ҷорӣ шудани лимити барқ ва бозгашти ҳазорон муҳоҷири корӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ пурташаннуҷ мешавад. Бо муҳосираи ахир нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ чанд баробар боло рафта зиндагии мардуми камбизоатро мушкил кардааст.

Бори аввал нест, ки роҳи Амузанг-Қӯрғонтеппа мушкилсоз мешавад. Соли гузашта ҷониби Узбакистон бо баҳонаи хароб шудани қитъаи роҳи оҳан, ҷодаро беш аз ним сол масдуд кард. Ба ғайр аз ин, ширкати роҳи оҳани Узбакистон “Темир йулларӣ” борҳо ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ин роҳ аслан баста шавад. Далеле, ки Узбакистон пеш овард ин буд, ки зарари роҳи Амузанг- Қурғонтеппа аз фоидааш бештар аст. Вале Тоҷикистон ҳар бор ин пешниҳодро рад кардааст. Гузашта аз ин Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки хароҷоти таъмир ва нигоҳубини ин қитъаи роҳи оҳанро бар дӯш бигирад.
XS
SM
MD
LG