Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифони қазоқ алайҳи тақаллуб


Булат Обилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон, Алмато, 15-уми январи соли 2012.
Булат Обилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон, Алмато, 15-уми январи соли 2012.

Мухолифони қазоқ ба нишони эътироз алайҳи тақаллуб дар интихоботи порлумонии рӯзи 15 январ дар ин кишвар дар шаҳри Алмаато гирдиҳам омаданд.

Масъули баргузории ин гирдиҳамоӣ Ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон аст.

Як рӯз қабл аз баргузории ин гирдиҳамоӣ Булат Обилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон мавсум ба “Озод” интихоботи ахири порлумониро “ифлос”, ғайриқонунӣ ва пуртақаллуб” номид.

Ӯ афзуд, “ҳар он чӣ имрӯз мақомот мегӯянд, ҳар он чӣ Нур Отан дар бораи пирӯзии худ мегӯяд, ин ҳама фиреб аст. Воқеан, ба Нур Отан ҳеҷ гоҳ 80 дар сад раъй надода буданд ва нахоҳанд дод, дар интихобот 75 дар сади интихобкунандагон ҳам ширкат надоштанд ва аммо одамоне буданд, ки даҳ бору бист бор рафта дар қитъаҳо овоз доданд. Ҳамин тариқ онҳо пирӯз нашуданд ва боз як иштибоҳ содир карданд.”

Ба гуфтаи ҳамраиси ҳизби “Озод”, раёсат мехоҳад, барои тақаллубу қонуншиканӣ аз болои чанд қитъаи интихоботӣ ба додгоҳҳои маҳаллӣ шикоят барад ва аммо мавзӯи муроҷиат ба Додгоҳи Олӣ барои лағви натоиҷи интихобот ҳанӯз матраҳ нест.

НОЗИРОН: НА ҲАМА БА ИНТИХОБОТ РОҲ ДОДА ШУДАНД

Дар ҳамин ҳол, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз интихоботи парлумони Қазоқистон интиқод карданд. Жоао Соареш, раҳбари ҳайъати нозирони ин созмон ба хабарнигорон гуфт, ки “бо вуҷуди азми давлат дар роҳи тақвияти равандҳои демократӣ дар Қазоқистон ва баргузории интихоботи ҷавобгӯи ӯҳдадориҳояш дар назди САҲА, интихоботи қабл аз вақти дирӯза ҷавобгӯи меъёрҳои бунёдии интихоботи демократӣ набуд.”

Ҷаноби Соареш мақомоти Остонаро барои он танқид кард, ки пеши раҳи ширкати чанд ҳизби воқеъан ҳам мухолиф дар интихобот гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, “агар мақомоти Қазоқистон ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ дар мавриди афзоиши теъдоди аҳзоб дар парлумон ҷиддӣ рафтор мекарданд, бояд ба шумораи бештари ҳизбҳои воқеъан мухолиф иҷозаи ширкат дар ин интихоботро медоданд”.

Жоао Соареш изҳори умедворӣ кард, ки вазъ дар оянда тағйир меёбад.

Кумиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон эълом дошт, ки фақат се ҳизби сиёсии кишвар аз садди 7-дарсадӣ гузашта, ба парлумон роҳ ёфтаанд. Бар пояи натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби ҳокими Нур-Отан беш аз 80 дар сад, ҳизби Оқ-Жол тақрибан 7,5 дарсад ва Ҳизби коммунист 7,2 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Чаҳор ҳизби дигар, аз ҷумла, ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон мавсум ба “Озод”, ки дар интихоботи қаблӣ мақоми дуввумро соҳиб шуда буд, барои убур аз садди 7 дарсадӣ муваффақ нашуданд.

Раъйдиҳии чандгона дар интихоботи Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим


Дар ҳоле ки мухолифон ин арқомро намепазиранд, коршинос Досим Сатбоев мегӯяд, натиҷа пешгӯишаванда буд. Ба гуфтаи ӯ, мақомдорон талош карданд то аз вазъе, ки дар интихоботи қаблӣ ба амал омада буд ва ҳизби мухолифи ҳукумат – ҳизби сотсиал-демократӣ баъд аз Нур Отан ҷойи дуввумро гирифта буд, роҳ надиҳанд ва ба ин хотир аз охирҳои соли гузашта тарғибу ташвиқи бесобиқаи ҳизби Оқ Жол шурӯъ шуд ва дар натиҷа ин ҳизб, бар пояи иттилои пешакӣ, дар интихобот мақоми дуюмро ишғол кард.

Ҷаноби Сатбоев тахмин мекунад, ки ин интихобот охирин интихоботи Назарбоев аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, бархе аз нерӯҳои ҳукуматгарои Қазоқистон ба он ишора мекунанд, ки шояд дар ояндаи наздик парлумони феълӣ таҳкурсие барои бунёди давлати парлумониву президентӣ шавад. Ба гуфтаи таҳлилгари қазоқ, алҳол маълум нест, ки баъди аз сари қудрат рафтани Назарбоев, ин парлумонро чӣ сарнавиште интизор хоҳад буд.

Досим Сатбоев ҳамчунин гуфт, ки мақомот ҳизби сотсиал-демократии “Озод”-ро ҷиддӣ намегиранд ва як далелаш ин аст, ки онҳо ба осонӣ барои баргузор кардани намоиши эътирозии ин ҳизб дар Алмаато иҷоза доданд. Ӯ афзуд, ки “мақомот такрори ҳаводисеро, ки дар Русияи ҳамсоя баъд аз интихоботи Думаи давлатӣ ба вуқӯъ пайвастанд, интизор надорад. Сабаб дар он аст, ки феҳристи мухолифини ҳукумат фақат аз ҳизби сотсиал-деморат иборат нест, ба он дигар ҳизбу гурӯҳҳое ҳам шомиданд, ки бештар на ҳампаймон, балки рақиби сотсиал-демократҳо маҳсуб мешавад, бигирем, ҳамон ҳизби сабтином нашудаи “Олға”. Яъне, мақомот бо ишора ба парешонии мухолифини қазоқ, умедворанд, ки амалҳои ҳизби сотсиал-демократ баъд аз интихобот барои ҳукумат хатари ҷиддӣ нахоҳад дошт”.

Дар ҳамин ҳол Созмони нозирони мустақили интихоботии Қазоқистон низ аз қонуншиканиҳои фаровон дар шаҳри Остона, аз ҷумла, роҳ надодани нозирон ба қитъаҳои интихоботӣ ва ҳамчунин қуттиҳои нодуруст мӯҳрзада, гузориш дод.

Дар шаҳри Жанаозен, маҳалли ошӯбҳои моҳи гузашта вазъ ором будааст. Як сокини шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қитъаҳои интихоботиро кормандони мусаллаҳи пулис ва афроди мулкии мусаллаҳ бо калтак посбонӣ мекарданд. Аммо Маргарита Ассенова, як нозири амрикоӣ гуфт, ки ҳузури пулис дар Жанаозен чандон зиёд набуд.
XS
SM
MD
LG