Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин як куштор буд!" Ёдбуди қурбониёни Жанаозен


Рӯзи ҷумъа садҳо нафар дар дар майдони марказии шаҳри Алмаато аз қурбониёни ҳаводиси рӯзи 16 декабр дар шаҳри Жанаозен ёд оварданд.

Дар маросими ёдбуд, ки аз сӯи комиссиюни мустақили тафтиши ҳаводиси фоҷиабори шаҳрҳои Жанаозен ва Шетпе созмон ёфта буд, аз ҷумла, раҳбарони ҳизби сотсиат-демократӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва хабарнигорон ширкат доштанд. Онҳо аз мақомоти Қазоқистон дархост намуданд, ки иттилои дақиқ дар бораи теъдоди кушташудагону маҷрӯҳон ва афроди беномунишоншударо дар ихтиёри ҷомеъа гузоранд ва номи фардеро, ки барои сӯи мардуми бесилоҳ оташ кушодан амр кардааст, ифшо созанд.

Болат Абилов, ҳамраиси ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон мавсум ба “Озод” ва узви комиссиюни тафтиши ҳаводиси Жанаозен дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки фардо комиссиюн ба хотири таҳқиқи ҳаводиси хунини рӯзи 16 декабр боз як талош барои вуруд ба шаҳри Жанаозенро хоҳад кард. Талоши аввали онҳо, ба гуфтаи Абилов, ноком анҷом ёфта буд:

“Мо моҳи декабр он ҷо рафтем ва аммо натавонистем, ки вориди шаҳр шавем. Ваъда доданд, ки иҷоза медиҳанд, вале иҷоза надоданд, зеро, ба гуфтаашон, он ҷо кофтукоб ва ба истилоҳ поккорӣ идома дошт. Моро тақрибан як соат дар постгоҳ нигаҳ доштанд ва баъдан ба Оқтау баргардониданд. Мо ба коменданти шаҳри Жанаозен Аманжол Кобулов ду нома навиштем ва хоҳиш кардем, ки ба мо иҷозаи вуруд ба шаҳрро диҳад. Аммо аз ӯ посухе дарёфт накардем. Ва акнун бидуни иҷоза меравем ва умедворем, ки фардо вориди шаҳр мешавем ва бо сокинону афроди осебдида сӯҳбат мекунем”, мегӯяд Болат Абилов

Ва аммо комиссиюн дар Жанаозен ба кадом суолҳои матраҳ мехоҳад посух пайдо кунад? Булат Абилов дар посух мегӯяд, ки “мехоҳем шумораи қурбониёнро дақиқ кунем, мо ба иттилои расмӣ, ки гӯё 16 нафар кушта шудаанд, бовар надорем ва ҳадс мезанем, ки шумораи қурбониён бештар аст. Ҳамчунин теъдоди дақиқи ҷароҳатбардоштагон ва афроди беному нишоншударо ҳам мехоҳем мушаххас намоем. Ва муҳим аз ҳама, мехоҳем бифаҳмем, ки амри оташ кушоданро кӣ додааст? Зарурате барои чунин вокуниши хунин ба эътирози ҷавонон набуд. Ҳарчӣ ҳам набошад, набояд сӯи мардуми худ оташ кушод. Тазҳизоти обпошӣ ва маводи кимиёвӣ барои пароканда кардани одамон мавҷуданд ва тирборони одамони зинда ва намояндагони мардуми худ ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест.

Ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки комиссиюн ин бор ҳам барои вуруд ба Жанаозен муваффақ нахоҳад шуд, зеро ахиран Нурсултон Назарбоев бо судури фармоне вазъи фавқулоддаро дар ин шаҳр то охири моҳи январ тамдид кард. 17 декабр Назарбоев дар Жанаозен вазъи фавқулодда ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ кард, ки қарор буд рӯзи 5 январ хотима ёбад. Ҳеҷ ташреҳе дар заминаи тамдиди ҳолати фавқулодда дода нашуд.

Бо ҳамин далел, яъне бар асари тамдиди вазъи фавқулодда Шӯрои қонуни асосии Қазоқистон баргузории интихоботи порлумониро дар шаҳри Жанаозен номумкин арзёбӣ кард. Раиси Шӯро Игор Рогов гуфт, дар шароити вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ дар шаҳр таъмини амнияти раъйдиҳандагон душвор хоҳад буд. Интихоботи қабл аз вақти парлумонии Қазоқистон рӯзи 15 январ баргузор мешавад.

Эътирози коргарони ширкати нафт аз маоши нокофӣ ва шароити бади иҷтимоӣ моҳи маи соли 2011 шурӯъ шуда буд. Ин эътироз рӯзи 16 декабр ба беназмӣ печид ва кормандони полис сӯи тазоҳургарон оташ кушоданд. Мақомот зимни арзёбии хушунатҳои Жанаозен гуноҳро бори “авбошон” карданд ва истифодаи силоҳу оташро дар муқобили мардум “дуруст ва қонунӣ” хонданд.

Дар ҳамин ҳол сокинони Жанаозен мегӯянд, ки дар бораи сарнавишти даҳҳо пайвандони боздоштшудаашон иттилоъ надоранд. Шаким Уалиева, сокини Жанаозен, дар маросими ёдбуд дар Алмаато гуфт, ки таъқибу фишори мардум идома дорад ва одамони комилдан бегуноҳ дар маҳбасанд. Ахиран иттилоъ расид, ки се рӯз пеш яке аз фаъолони коршикании кормандони ширкати нафт Роза Тулетаева низ боздошт шуд ва пайвандонаш дар бораи дар куҷо будани ӯ хабар надоранд.

Навори нави видеоӣ аз ошӯбҳои рӯзи 16-уми декабри Жанаозен
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG