Ба қавли пулиси Ироқ, як бомбгузори интиҳорӣ дар либоси пулис ба зоирини шиа наздик шуда ва бомберо мунфаҷир сохтааст.
Доктор Риёд Абдуламир, раиси Маркази беҳдоштии Басра гуфт, шифохонаҳои ин шаҳр таъйид кардаанд, ки онҳо ҷасади 50 нафарро қабул кардаанд. 100 нафари дигар ҳам ҷароҳат бардошта ва муолиҷа мегиранд.
Пулиси Ироқ мегӯяд, бомбгузор дар тан либос ва дар сари сина нишони корманди пулис дошта, аз посгоҳ гузаштааст ва худро ба маҳалле расондааст, ки зоирини шиа поёни иди Арбаинро мунтазир буданд.
Тайи моҳҳои ахир дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ таркишҳои пайиҳам рух дода, даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузоштааст. Аз ҷумла, рӯзи панҷуми январи соли ҷорӣ дар асари силсилаи таркишҳо дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод 24 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд.
Дар мавзеи Садр-ситӣ таркиши мотосикли ҳомили маводи мунфаҷира нӯҳ кушта бар ҷой гузошт. Дар ҳамон маҳалла ҳамчунин як бомби рӯи раҳ мунфаҷир шуд. Бар асари таркиши ду мошин дар маҳаллаи Ал-Қазимия ба камияш 12 нафар ба ҳалокат расиданд.
Таркишҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба дунболи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ низоъи байнимазҳабӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Моҳи гузашта нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ муовини раисиҷумҳур Тариқ Ҳошимиро, ки аз сунниҳо намояндагӣ мекунад, ба терроризм айбдор кард. Ҳошимӣ Бағдодро тарк намуд ва дар Курдистон панаҳ бурд. Ӯ иттиҳомро рад кард ва ҳизби сунниҳо “Ал-Ироқия” аз ширкат дар ҷаласаҳои порлумон сарпечӣ намуд.
Рӯзи 22 декабри соли гузашта низ дар маҳаллаҳои шианишини Бағдод чанд инфиҷор рух дод, ки бар асари он 60 нафар кушта шуданд.
Дар навори зер: Хуни инсон дар кӯчаҳои Садр