Сухангӯи вазорати беҳдошти Ироқ гуфтааст, ки дар бомбгузориҳои имрӯз, 22-юми декабр, дар Бағдод камаш 57 нафар кушта шудаанд.
Имрӯз дар қисматҳои гуногуни пойтахти Ироқ бештар аз 10 инфиҷор рух дод. Аз оғози муноқишаҳои сиёсии миёни сунниҳо ва шиаҳо зоҳиран бори аввал ин гуна инфиҷорҳои ҳамоҳангшуда дар Бағдод анҷом мегирад.
Сухангӯи вазорати беҳдошти Ироқ ҳамчунин хабар дод, ки дар инфиҷорҳои рӯзи панҷшанбе 170 нафар маҷрӯҳ шудаанд. То ҳол рӯшан нест, ки дар паси ин инфиҷорҳо чӣ нерӯҳое қарор доранд.