Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илтиҳоби шуш морхӯрҳои зебои Тоҷикистонро кам кард


Ҷамъияти ҳифзи олами вуҳуш мегӯяд, бемории илтиҳоби шуш тирамоҳи соли 2010, 65 морхӯр дар Тоҷикистонро кушта ва саршумори умумии ин бузи зебои кӯҳиро 20 дар сад кам кардааст. Ин созмон дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, олимони тоҷик бо ҳамкоронашон аз Фаронса ва Амрико ошкор кардаанд, ки бемории илтиҳоби шуш аз бузҳои хонагӣ ба ин ҳайвоноти нодиру зебо ва мояи ифтихор дар Тоҷикистон сироят кардааст. Акнун дар кишвар андаке бештар аз 300 бузи морхӯр боқӣ мондааст, ки теъдоди умумии онҳо дар саросари Осиёи Марказӣ камтар аз 2500 аст. Морхӯрҳо шохҳои печидаи дарозтар аз якуним метрӣ доранд ва то 110 кило вазн мегиранд. Шикори морхӯрҳоро, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомил шудаанд, 53 сол пеш мамнӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG