Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Абдулло ба музокироти фарогир бо Толибон


Доктор Абдулло Абдулло, вазири пешини умури хориҷии Афғонистон
Доктор Абдулло Абдулло, вазири пешини умури хориҷии Афғонистон

Вазири пешини хориҷаи Афғонистон аз музокироти намояндагони Амрико бо Толибон интиқод кард.

Доктор Абдулло дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ин музокирот дар кишвари Қатар бидуни ширкати намояндагони Эътилофи шимол мегузарад. Бидуни ширкати онҳое, ки соли 2001 ҳамроҳ бо нерӯҳои байнулмилалӣ дар суқути Толибон нақши муҳим доштанд.

Сиёсатмадори афғон илова кард, ки гуфтушунид бо Толибон бояд дар дохили Афғонистон сурат бигирад, то мардуми афғон аз он огаҳ бошанд. Ҳамзамон вазири пешини умури хориҷии Афғонистон таъкид кард, ки аксари мутлақи сокинони кишвараш хостори мусолиҳа ва музокираанд, аммо мардум ба “сулҳи одилона, сулҳи пойдор ва сулҳи боиззат” ниёз доранд.

9 январ доктор Абдулло ҳамроҳ бо чанд тан аз раҳбарони маъруфи Эътилофи Шимол, аз ҷумла, генерали узбак Абдулрашид Дустум изҳороти муштарак нашр карда, ба манофеи мардуми афғон будани музокирот бо ҷунбиши Толибонро зери шубҳа бурданд.

Абдулрашид Дустум
Абдулрашид Дустум
Сиёсатмадори маъруфи афғон дар идома аз низоми ояндаи Афғонистон сӯҳбат кард ва гуфт, низоми федеролӣ барои Афғонистон мусоид нест. Ӯ ҳукумати феълиро барои таҳти назорати як дафтар қарор доштани қудрат интиқод кард ва гуфт, ин тарзи ҳокимият ба фасод мусоидат мекунад. Аз нигоҳи доктор Абдулло, Афғонистон бояд низоми порлумониро бипазирад, зеро танҳо порлумон метавонад аз манфиатҳои ҳама қавму миллатҳои муқими кишвар пуштибонӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ “низоми порлумонӣ зарурати мардуми Афғонистон аст ва ҳамчунин як андоза интиқоли қудрат ба вилоёти Афғонистон ҳам. Бигирем, мо агар волии интихобӣ дошта бошем, ин метавонад ба маротиб ба мардум хизмат шавад, ҳоло дар ҳукумати мавҷуд ҳама тасмимҳо дар як дафтар гирифта мешавад.”

Дар мулоқот бо аъзои Конгресси ИМА дар Берлин чанд сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Кобул ширкат доштанд. Конгрессменҳои амрикоӣ бо онҳое дидору гуфтугӯ карданд, ки ба асари ихтилофи назарашон оид ба музокироти ҳукумат бо “Толибон” дар конфронси байнулмилалии Бонн ширкат надоштанд.

Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Аммо Виктория Нуланд, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, мулоқоти Берлин расмӣ набуд ва беҳтар мешуд агар аъзои Конгресси Амрико бо намояндагони Эътилофи шимол на дар Олмон, балки дар худи Афғонистон ва на танҳо бо як бахши саҳнаи сиёсӣ, балки бо ҳамаи он гуфтугӯ мекарданд.

Сеюми январ масъулони ҷунбиши Толибон эълом доштанд, ки дар мавриди ифтитоҳи намояндагии худ дар Доҳа, пойтахти Қатар, бо Амрико созиши пешакӣ ҳосил кардаанд. Дар зимн, Толибон на ҳукумати Кобул, балки Амрикоро тарафи ҷанг мехонанд ва қаблан эълом доштанд, ки бо ҳайати амрикоӣ вориди музокирот хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Афғонистон мегӯянд, қабл аз он ки музокирот бо Толибон дар Қатар оғоз шавад, мухолифони ҳукумат бояд ба як оташбас мувофиқа намоянд ва ба хушунатҳо алайҳи афғонҳо поён диҳанд. Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар сӯҳбат ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс ҳамчунин сару садоҳоро дар мавриди он ки Кобул ба хотири музокироти сулҳ барои дар ихтиёри Толибон гузоштани бархе вилоятҳои ҷанубӣ омода аст, қатъӣ рад кард.

Вашингтон мехоҳад, қабл аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014 ба ошӯбҳо дар ин кишвар хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG