Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар нишасти Бонн: "Ба Афғонистон кӯмак кунед"


Раисиҷумҳури Афғонистон аз ҷомеаи байнулмилалӣ хост, то барои як даҳсолаи дигар ба ин кишвар кӯмак кунанд.

Ҳомиди Карзай гуфт, кишвараш барои ҳифзи дастовардҳои 10 соли гузашта ба кӯмакҳои байнулмилалӣ мӯҳтоҷ хоҳад буд. Вай дар ин бора дар ҳамоиши байнулмилалие дар шаҳри Бонн сӯҳбат мекард, ки дар он сарнавишти ояндаи Афғонистон баррасӣ мешавад.

Раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, "мо ҳоло аз ҳадафи ягонаи худ, яъне Афғонистони босубот, худкифо ва демократӣ ҳоло дур ҳастем. Дар воқеъ чолишҳои боқимонда бузурганд ва метавонанд пешрафтҳои моро аз роҳ хориҷ кунанд ва ё аз байн баранд."

Амрико ва кишварҳои дигар ваъда доданд, ки кӯмак ба Афғонистонро идома хоҳанд дод ва аз он хостанд, барои ислоҳоти сиёсӣ ва оштӣ ҷидду ҷаҳди бештар кунанд. Имрӯз, 5 декабр, дар шаҳри Бонни Олмон барои бори дуввум нишасти байнулмилалӣ оид ба Афғонистон оғоз ёфт.

Афғонистон: Аз Бонн то Бонн
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00
Линки мустақим

Бо гузашти даҳ сол баъд аз нишасти аввал, ки ба дунболи вуруди нерӯҳои хориҷӣ ва шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон доир шуда буд, акнун дар шаҳри Бонн роҳҳои рушди Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Дар ҳамоиши Бонн намояндагони 100 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд. Аммо Покистон ба нишони эътироз аз марги 24 сарбозаш дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО аз ширкат дар ин конфронси байнулмилалӣ даст кашид.

Раиси ҷумҳури Афғонистон бо иттифоқи вазири умури хориҷии Олмон
Раиси ҷумҳури Афғонистон бо иттифоқи вазири умури хориҷии Олмон
Миёни ширкатдорон раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ низ ҳастанд.

Ҳомид Карзай дар арафаи нишасти Бонн дар сӯҳбат ба нашрияи олмонии "Der Spiegel" гуфт, ки кишвараш то соли 2024, яъне то замони фаъолияти мӯътадили полис, артиш ва сохторҳои давлатӣ, ба сармоягузории иловагӣ ниёз хоҳад дошт. Ӯ гуфт, “агар мо дар ин ҷанг, ки таҳдид барои ҳамаи мост, ноком шавем, маънияш баргашт ба авзои қабл аз ҳамлаи 11 сентябр хоҳад буд”.

Карзай Покистони ҳамсояро дар гирифтани пеши роҳи музокирот бо “Толибон” айбдор ва ҳамзамон иқрор намуд, ки “мутаассифона, мо натавонистем субот ва амниятро барои тамоми афғонҳо таъмин намоем ва ин бузургтарин нокомии мо мебошад.”

ИНТИЗОРОТИ АФҒОНҲО АЗ НИШАСТИ БОНН

Насруллоҳ Станакзай, коршиноси сиёсӣ ва профессори улуми сиёсат ва ҳуқуқ дар Донишгоҳи Кобул дар сӯҳбат бо "Радиои Афғонистони Озод" гуфт, ки мардуми афғон аз нишасти дуввуми Бонн интизороти зиёд доранд.

Ва аммо муҳимтарин таҳаввулоте, ки дар даҳ соли баъд аз нишасти аввали Бонн сурат гирифт, кадом аст ва дар оянда Афғонистон то куҷо имкони рушдро дорад. Дар посух ба ин суол Насруллоҳ Станакзай гуфт, ки “даҳ соли пеш Афғонистон давлат надошт ва пояи давлати нави Афғонистон маҳз ҳамин солҳо гузошта шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати расидан ба сулҳ, таҳти назорат гирифтани таъмини амният дар сартосари кишвар ва рушди иқтисод Афғонистон дар даҳ соли оянда метавонад ба яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақа табдил шавад.

"ИСЛОМОБОД ХОСТОРИ СУЛҲ ДАР АФҒОНИСТОН НЕСТ"

Дар ҳамин ҳол бештари коршиносон аз сарпечии Исломобод барои ширкат дар нишасти Бонн интиқод мекунанд ва мегӯянд, ки он ба нафъи мақомоти Покистон нест. Ба гуфтаи Аҳмад Саидӣ, коршинос ва
Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон
Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон
дипломати собиқи афғон, “ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ин тасмими ҳукумати Покистон рамуз мегирад, ки Исломобод хостори сулҳу осоиш ва рушди Афғонистони ҳамсоя нест, зеро конфронси Бонн маҳз ба хотири расидан ба сулҳу оромӣ дар Афғонистон даъват шудааст”.

Дар арафаи нишасти Бонн мақомоти ИМА иқрор карданд, ки бо Кобул дар мавзӯъи таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар музокирот мекунанд. Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар ин бора баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе хабар дод ва ҳамзамон бори дигар такрор намуд, ки Амрико дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ бунёд карданӣ нест.
XS
SM
MD
LG