Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳии олии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, парвандаи мазкур дар дасти онҳост ва омӯзиши ин парвандаро тоза шурӯъ кардаанд. Аз ин рӯ дар бораи ҷузъиёти он дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонад.
ОЁ "МОВАРОУННАҲР" ҚАЛЛОБ АСТ?
Аммо вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр» Шӯҳрат Қудратов дар робита ба ҷузъиёти айбномаи Додситонии кулл чунин гуфт: «Додситонии кулл инро асос овардааст, ки гӯё мудири кулли ширкат Охунов як хонаро ба чанд нафар фурӯхтааст. Ва бо ин Ҷӯрабек Охуновро айбдор медонанд ва ҳамин айбнома ба додситонӣ ирсол дошта шудааст.»
Аммо тақрибан як моҳ қабл Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бар асоси ҳукми Додситонии кулли Тоҷикистон, фаъолияти ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”-ро анҷом додаанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки сирқат ё қаллобӣ дар фаъолияти ин ширкат ҷой надоштааст.
Аммо сарфи назар аз ин, Додситонии кулл мехоҳад, ки ҳукми ниҳоӣ дар мавриди фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ва раиси он Ҷӯрабек Охуновро Додгоҳи олӣ бояд содир кунад. Тавре Додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абдулхайров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ҳарфе зада намешавад.
ПАРВАНДАИ ПУРСАРУ САДОИ "МОВАРОУННАҲР"
Воқеан баҳси "Мовароуннаҳр" як кори соддаву саҳл нест. Дар ҳоли ҳозир беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, ки Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд, зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад дар Тоҷикистон нест.
Маҳмадназар Раҳматшоев, раиси Кумитаи ба истилоҳ зарардидаҳои ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, ки чиҳил маротиба ба тамоми мақомоти расмию ғайрирасмӣ шурӯъ аз Додситони кулл то ба идораҳои дигари масъул муроҷиат намудем, ки раиси ширкати «Мовароуннаҳр»-ро муваққатан ҳам бошад озод кунанд, ки масъалаи манзилзоияшон ҳал кунад, вале ба эътибор гирифта нашудааст: «Фаъолияти ширкат пурра баста нашудааст, лекин мӯҳри ширкатро додситонӣ гирифтааст, ки ҳеҷ кор карда намешавад. Бигзор додгоҳ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии ӯро мушаххас кунад лекин мо чӣ кор кунем. То ҳол масъалаи манзил норӯшан боқӣ мондааст. Агар вай озод шавад беҳтар аст. Ӯҳдадории Охуновро ҳоло, ки метавонад иҷро кунад? Ягон идора бар ӯҳда намегирад.»
ЧАРО МӮҲРИ ШИРКАТ МУСОДИРА ШУД?
Пас аз боздошти Ҷӯрабек Охунов дар моҳи ноябри соли гузашта, Додситонии кулли Тоҷикистон ба маҳзи оғози таҳқиқоти фаъолияти ширкат мӯҳрро мусодира ва суратҳисоби ширкатро бастааст.
Тайи ин 9 моҳе, ки мегузарад, ширкат бидуни мӯҳр ва суратҳисоб натавонистааст фаъолияти сохтмонии худро пеш барад ва манзилҳои афроди ниёзмандро, ки теъдодашон ба 680 нафар мерасад дуруст кунад. Тақрибан 20 дарсади ин афроди ҷабрдида аз тариқи ин ширкат соҳиби манзил шудаанд, вале асноди манзили худро ҳанӯз надоранд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов мегӯяд, ки агар ҳадафи додситонии кулл фаъолияти раиси ширкат мебуд, чаро мӯҳри ширкатро то ҳол барнамегардонанд. Ба назари Шӯҳрат Қудратов, ин як парвандаи супоришие мебошад, ки додситонии кулли Тоҷикистон онро муроқибат дорад.
ҚАРЗҲОИ ҲАНГУФТИ ШИРКАТИ ҶӮРАБЕК ОХУНОВ
Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳҳомдорон будааст.
Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов меафзояд, ки наздики 30 миллион сомонии дигар аз ин сармоя пули раиси ширкат будааст, ки барои сохтмони манзилҳо масраф шудааст.
Ба қавли вакили мудофеъ, тайи 8 моҳе, ки Додситонии кулл парвандаи Ҷӯрабек Охуновро таҳқиқ кард, ҳеҷ далеле барои қаллобии ӯ пайдо накард.
Аммо тайи 9 моҳи бидуни мӯҳр ва суратҳисоб, вазъи як ширкати сохтмонии ватанӣ дар чӣ ҳол аст?
Бобо Насимов, муҳосиби ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, ки ҳоло даҳҳо нафар коргарони худи ширкат бекор монда техникаҳои сохтмонӣ корношоям шудаанд: «Ҳоло додситонии кулл мегӯяд, ки мо фаъолияти корхонаро қатъ накардем, агар пул дошта бошанд сохтмонро шурӯъ кунанд. Мо чӣ хел сохтмонро шурӯъ кунем, ки мӯҳр ва суратҳисоби моро гирифтаанд. Нӯҳ моҳ мешавад коргарони мо ҳама сарсон ҳастанд на дафтарчаи корӣ дода метавонем, на маош метавонем пардозем. Беш аз 85 техникаи ширкат хароб шудаанд, барои барқарор кардани 13 крани борбардор 3 ҳазор сомонӣ лозим аст. Фақат барои барқпулӣ 500 ҳазор сомонӣ лозим меояд.»
ҶАБРДИДАГОНИ ДАР ИНТИЗОРИ МАНЗИЛ
Ҳоло бештар аз ҳама наздики 700 нафар афроди ҷабрдида, ки интизори манзилҳои худ мебошанд, нигарон ҳастанд, ки пас аз боздошти раиси ширкати «Мовароуннаҳр» наздики як сол мешавад, на мақомоти давлатӣ ва на мақомоти дигар дар бораи наҳваи баргардони зарари онҳо сӯҳбат намекунанд.
Аксари ин афрод, ки дар ибтидо алайҳи ширкати «Моваронуннаҳр» аризаи шикоятӣ навиштаанд, ҳоло аризаҳои худро пас гирифта хостори ин ҳастанд, ки раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд ва ба мушкил онҳо расидагӣ кунанд.