Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун. Хостори танишзудоӣ миёни ИМА ва Эрон


Бан Ки Мун, дабири кулли СММ
Бан Ки Мун, дабири кулли СММ

Дар остонаи сафари худ ба Ховари Миёна, дабири кулли СММ аз ИМА ва Эрон хост, ихтилофоти худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.

Оқои Бан Ки Мун эълон кардааст, ки дар наздиктарин фурсат барои баррасии вазъи минтақаи Ховари Миёна ба Лубнон ва Аморати Муттаҳидаи Араб хоҳад рафт.

Бан Ки Мун гуфтааст, Амрико ва Эрон «бояд тамоми тавони худро барои фурӯ нишондани таниш дар минтақа ба кор баранд ва талош кунанд то ихтилофот миёни худро аз роҳи гуфтугӯ ва роҳҳои сулҳомез ҳал кунанд.»

Киштиҳои Эрон дар обҳои Халиҷи Форс
Киштиҳои Эрон дар обҳои Халиҷи Форс
Эрон таҳдид кардааст, дар сурате, ки нафташ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ таҳрим шавад, гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро хоҳад баст. Тангии Ҳурмуз яке аз гулӯгоҳҳои муҳими содироти нафти минтақа аст.

Пас аз таҳдидҳои Эрон, новгони панҷуми нерӯҳои дарёии Амрико дар Баҳрайн мустақар шуда эълом кард, ки монеи баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз хоҳад шуд. Ҳамчунин Амрико 75 ҷангандаи F-15 ба Арабистони Саудӣ фурӯхт ва қарордоди фурӯши сомонаи мушакӣ ба Аморати Муттаҳидаи Арабиро имзо кард.

Дабири кулли СММ ҳамчунин аз Эрон хост сулҳомез будани барномаи атомии худро собит созад: «Эрон бояд битавонад собит кунад, ки барномаи атомиаш сулҳомез аст. Ба назар мерасад ҷаҳон ҳанӯз дар ин замина итминон ҳосил накардааст.»

Ғарб Эронро муттаҳам ба сохтани силоҳи атомӣ мекунад. Оҷонсии байнулмилалии энежии ҳастаӣ ҳам дар охирин гузориши худ, аз эҳтимоли талоши Эрон барои сохтани
Таъсисоти ҳастаии Бушаҳр дар Эрон
Таъсисоти ҳастаии Бушаҳр дар Эрон
силоҳи атомӣ сухан гуфтааст. Ин дар ҳолест, ки Теҳрон ба сулҳомез будани барномаи атомии худ исрор дорад.

Аз сӯи дигар Бар Ки Мун эълон кард, дар ҷараёни сафари худ ба Ховари Миёна, вазъи минтақаро бо раҳбарони он мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ба гузориши Ройтерз, Бан Ки Мун бо Мишел Сулаймон, раиси ҷумҳур ва Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири Лубнон, ҳамчунин фармондеҳони нерӯҳои ҳофизи сулҳи СММ дар ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ пас аз он ба Аммон, пойтахти Урдун хоҳад рафт то бо масъулони фаластинӣ ва исроилӣ дидор ва доир ба раванди сулҳи ду тараф гуфтугӯ кунад.

Риёз Мансур, намояндаи Ташкилоти худгардони Фаластин дар СММ гуфтааст, ки эҳтимол дорад оқои Мун ба каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳам биравад. Ӯ дар ин бора гуфт: «Тавофуқи аввалия барои сафари дабири кулли СММ ба Ромаллоҳ вуҷуд дорад.»

Бан Ки Мун нагуфтааст, ки оё баҳс бар сари вазъ дар Сурия ҷузъи барномаи кориаш дар Лубнон ва АМА хоҳад буд ё на, аммо як масъули давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ба хабарнигорони Ройтерз гуфтааст, ки Сурия яке аз мавзуҳои аслии мавриди баҳс хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG