Ронандагони мошинҳои боркаш, ки одамонро ба ин ҷо интиқол медоданд, сирри ин маконро фош карданд. Вақте аз сарбозон пурсида шуд, ки онҳо чиро посбонӣ мекунанд, гуфтанд, “мо намедонем, ин танҳо як ҷангал аст!”
Нашрияи “Шоми Ленинград” рӯйихатти афроди дар ин ҷо қатл ва дафншударо нашр намуд. Як афсари пешини КГБ дар намоиши телевизионӣ ҳикоят кард, ки вай "дар гурӯҳи қатл" хидмат мекард. Вай гуфт, ки онҳо байни ҳам сабқат мекарданд, ки кӣ метавонад, бо як тир теъдоди зиёдтари "душманони халқ"-ро ба қатл расонад.
Онҳо қурбониёнро дар як қатор мегузоштанд, туфангчаро ба пешонии нафари аввал мегузоштанд ва тир андохта, мешумурданд, ки тир сари чанд нафарро шикофтааст. Онҳое, ки аз пой меафтоданд, дар ҳамон ҷо гӯронда мешуданд.
Филми кӯтоҳи Дейвид Саттер аз силсилаи чандрасонаии "Бист сол бе СССР" дар ҳамин бора аст:
Агар роҷеъ ба ин филм ва куллан тарҳи чандрасонаии "Бист сол бе СССР" гуфтание доред, лутфан дар бахши "Назарҳо" бинависед.