Маҳмуд Мӯсавӣ, муовини фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Эрон гуфт, озмоиши мушаки соҳил-ба-баҳри "Қодир" ва мушаки замин-ба-замини «Наср» анҷом шуда, қарор аст, имрӯз як мушаки кӯтоҳпарвоз низ озмоиш шавад. Як рӯз қабл низ мақомоти Эрон аз озмоиши як мушаки миёнапарвоз дари ин минтақа хабар дода буданд.
Машқҳои даҳрӯза дар атрофи Ҳурмуз дар ҳолест, ки Теҳрон дар ин авохир чандин бор аз забони ноиби аввали раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммадризо Раҳимӣ ва фармондеҳи нирӯҳои баҳриаш Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ ба эҳтимоли бастани ин гулӯгоҳ дар сурати эъмоли таҳримот рӯи содироти нафташ таҳдид кардааст.
Ин таҳдид ба вокуниши тунде дар Ғарб рӯбарӯ шуд. Фаронса тангаи Ҳурмузро гулӯгоҳи байналмилалӣ номид ва аз Эрон хост, ки қонунҳои байналмилалӣ дар мавриди убури мурури озодонаи киштиҳо аз ин минтақаро риоят кунад. Амрико, ки дар халиҷи Форс артиши муқтадири панҷуми баҳриашро мустақар кардааст, гуфт, ҳеҷ навъ ихлолро дар ҳамлу нақли нафти халиҷ таҳаммул нахоҳад кард.
Капитани эрониюласли муқими Амрико Носир Майманд мегӯяд, артиши баҳрии Эрон дар муқоиса бо кишварҳои дигари халиҷ, албатта, муқтадиртар ҳаст, вале тавони рӯёрӯӣ бо нирӯҳои баҳрии Амрикову муттаҳидинашро надорад.
Шашяки нафти дунё тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳамлу нақл мешавад. Ин гулӯгоҳ халиҷи Форсро бо баҳри Уммон ва уқёнуси Ҳинд мепайвандад ва умдатарин масири интиқоли нафти халиҷи Форс ба бозори ҷаҳонист.
Аммо ин машқҳои даҳрӯза дар гулӯгоҳи Ҳурмуз дар пасманзари таҳдидҳои ахири Эрон оё як навъ намоиши зӯри бозуст? Ва Теҳрон то куҷо омода ҳаст, дар воқеъ ба бастани ин масири муҳими ҳамлу нақли нафт иқдом кунад? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо таҳлилгари масоили Эрон Амир Тоҳирӣ дар миён гузоштам.