Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳаргул: "Онҳоро зиндон кунед. Ин ягона хости ман аст”


Саҳаргули 15-сола
Саҳаргули 15-сола

Саҳаргул-арӯси 15-солаи афғон мегӯяд, ҳукумати Афғонистон бояд ононеро, ки вайро шиканҷа намудаанд, муҷозот намояд.

Саҳаргул-арӯси 15 солаи афғон, ки бино ба гузоришҳо, мавриди шиканҷаи шавҳар ва хешовандони вай қарор гирифтааст, чанд моҳ дар таҳхона нигаҳдорӣ мешуд.

Ду ҳафта пеш Саҳаргул тақрибан ба марг наздик буд, ки вайро аз ҷанголи марг наҷот доданд. Табибони Саҳаргул ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло вазъи вай каме беҳбуд ёфтааст ва зарурати фиристодани вай ба Ҳиндустон дигар боқӣ намондааст.

Қамариддин Ҳофиз-пизишки Саҳаргул мегӯяд, вақте, ки вайро ба бемористони Кобул оварданд, худаш интизор набуд, ки зинда мемонад, вале он гуна, ки мебинед саломатии вай беҳбуд меёбад. Аммо Қамариддин афзуд, беҳбуди ҳолати равонии бемор вақти зиёд мехоҳад. Вай аз лиҳози равонӣ шикаста шудааст. Он чӣ, ки ҳоло ба вай зарур аст, фазои амну ором ва истироҳати комилан хуб аст.

Хабарнигори бахши афғонистонии радиои Озодӣ, ки қаблан ба аёдати бемор рафта буд, мегӯяд, ки саропо бадани вай аз ҷароҳат пур буд. Ҳоло вазъи Саҳаргул андаке беҳтар шудааст ва акнун чашми чапи худро каме боз мекунад. Пештар чашмҳояш аз варам боз намешуданд.

Акнун Саҳаргул мегӯяд, ҳукумати Афғонистон бояд ононеро, ки вайро ба ин рӯз расондаанд, ҷазо диҳад: “Онҳоро зиндон кунед. Ин ягона хости ман аст.”

Саҳаргул пештар гуфта буд, ки вайро мунтазам шиканҷа медоданд, ҳар се-чаҳор рӯз, яъне дар давоми шаш моҳе, ки вай бо марди ду баробар калонтар аз худаш дур аз хонаводаи волидайнаш ба шавҳар баромадааст.

Вай хешовандони шавҳарашро муттаҳам кард, ки бо амбур нохунҳои ангуштонаш ва даста-даста мӯи сарашро кандаанд. Бино ба хабари мақомоти маҳалии вилояти Бағлон, бадани вайро бо дарзмоли тасфон сӯзондаанд ва ангуштонашро шикастаанд.

Баъзе аз сокинони маҳаллӣ мегӯянд, Саҳаргул вақте мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, ки вай тақозои хешовандони шавҳарашро барои машғул шудан ба танфурӯшӣ рад кардааст.

Вазъи саломатии Саҳаргул таваҷҷуҳи маҳофили дохилии Афғонистон ва байналмиллалиро ҷалб кардааст, зеро дар Афғонистон занон вазъи хуб надоранд ва пайваста мавриди шиканҷаву хушунат қарор мегиранд.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар низ қавл дод, ки гунаҳгорони ин шиканҷаро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд.

Фазл Раҳмон-корманди пулиси вулусволии дуввуми вилояти Бағлон мегӯяд, 2-юми январ хушдоман ва хоҳари шавҳари Саҳаргулро боздошт кардаанд ва ҳоло ҷустуҷӯи бародар ва падари шавҳараш идома дорад.

Мақомоти Афғонистон ба вазорати дифои ин кишвар дастур додаанд, ки шавҳари Саҳаргулро боздошт кунанд. Вай дар як қисми низомӣ дар вилояти Ҳилманд ба хидмати сарбозӣ рафтааст.
XS
SM
MD
LG