Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ба "Бобои Барфӣ" корд заданд


Дар Душанбе дар шаби Соли Нав гурӯҳи ҷавонон ба шахсе, ки дар тан либоси “Бобои барфӣ”–ро дошт, ҳамла бурданд ва баданаш чанд корд заданд. "Бобои барфӣ" баъди як рӯз вафот кард. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев-сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи ҷавонон ба сокини кӯчаи Синои пойтахт Парвиз Давлатбеков ҳамла кардааст ва бадани вай чанд корд задааст. Баъд аз интиқол ба бемористон Парвиз Давлатбекови 24-сола даргузаштааст. Маҳмадулло Асадуллоев- сухангӯи Вазорати умури дохила мегӯяд, ҳоло се тан аз ҳамлакунандагон, ки яке аз онҳо донишҷӯи соли саввуми Донишгоҳи миллӣ мебошад, чун гумонбар боздошт шудаст.
XS
SM
MD
LG