Ба иттилои дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов дар Тошканд масоили энержӣ ва нақлиёту мухобирот миёни ду кишвар аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маводи озуқа, сӯзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, тавассути роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг-Қӯрғонтеппа бемонеа интиқол дода шавад.
Вуруди аввалин вагонҳои озуқа ва сӯзишворӣ
Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раҳбари хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», мегӯяд, дар ин авохир Узбакистон ба убури вагонҳои ҳомили молу маҳсулоти ғизоӣ ва сохтмонӣ иҷоза дода, рӯзона аз 20 то 30 вагон аз роҳи Тирмиз-Амузанг то ба истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон мерасанд.
Вай афзуд, «вагонҳо омада истодаанд, семент, орд, тахта, маводи сӯхт омада истодааст. Албатта, аввалҳо кам меомад, ҳоло ҳар рӯз аз 20 то 30 вагон, вобаста ба вазнашон меоянд. Боз ҳам мебинем, ки дар пайи муваофиқаи сарони ду кишвар, оянда мушкили убури вагонҳои борбари Тоҷикистон такрор меёбанд ё хайр. Аммо вагонҳои марбут ба масолеҳи сохтмонии нерӯгоҳи Роғун тариқи роҳи оҳани Тирмиз намеоянд...»
Ба гуфтаи Саидҷон Ёдгорӣ, вагонҳое, ки то ин замон ба вилояти Хатлон расидаанд, низ ҳомили масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» мебошанд.
Сарнавишти норавшани булдозерҳои Роғун
Ва аммо ҷаноби Ёдгорӣ дар мавриди шумораи дақиқи вагонҳое, ки то ҳанӯз дар қаламрави Узбакистон ист кардаанд, изҳори беиттилоӣ кард. Манобеи дигар аз ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар бораи мутаваққиф мондани ҳудудан то 2000 вагони Тоҷикистон дар Узбакистон иттилоъ медиҳанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан даҳҳо қатори роҳи оҳани ҳомили булдозерҳо ва дигар васоити фаннӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ дар банд мондааст.
Дар мулоқоти мазкур ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои таҳқиқи мустақили байнулмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитзистии нерӯгоҳи Роғун таъкид кардааст.
То ин замон мақомоти Узбакистон мутаваққиф шудани вагонҳои борбари Тоҷикистонро ба хароб шудани қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг рабт медоданд. Вале ҳамакнун коршиносон бар ин иддао ҳастанд, ки манъи убури вагонҳои роҳи оҳани Тоҷикистон маҳз ба ин далел сурат гирифтааст, ки Узбакистон дар мавриди бунёди неругоҳи Роғун мухолиф ва нигарон будааст.
Ихтилофот боқӣ монд
Бо ин ҳама, иддае аз коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки интизориҳои ҷомеаи кишвар аз мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистону Узбакистон то ахир бароварда нашуданд. Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд, барои ҳалли мушкил дар муносиботи миёни ду кишвар, бештару пештар аз ҳама мебояд раҳбарони ҳукумати ҳарду кишвар дар муносиботи худ таҷдиди назар кунанд:
«То ба имрӯз ҳалли масъала ва умуман, камбудиҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон мавҷуд аст, қурбони шахсияти ду нафар шудааст, ду нафари аввали ду ҷумҳурӣ. Фикр мекунам, ки агар муносиботи некӯ ва ҳасана байни ин ду кишвар мебуд, бахусус байни ду раҳбар, тамоми мушкилот ҳал мешуд. Ва танҳо нишасти хоса ва рӯ ба рӯи ҳарду раҳбар, раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон метавонад ба ин масоил нукта гузорад...»
Ва аммо гурӯҳе аз коршиносони дигар мегӯянд, танҳо ҳамин далел, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов барпо шудааст, дастовард ва гувоҳи он аст, ки нармие дар муносиботи ду кишвари ҳамҷавор метавонанд ба миён ояд.
Таҳлилгари тоҷик Абдулазизи Восеъ мегӯяд, «аз ҳамон дар банд ё дар муҳосира мондани беш аз ду ҳазор вагон натанҳо умури сохтмонии як нерӯгоҳи Роғун кунд шуд, балки тамоми мардуми оддӣ ҳам азият мекашиданд, чунки дар он вагонҳо орду маводи озуқа, ҳамчунин масолеҳи сохтмонӣ ҷойгир буданд ва маводи бисёр лозим барои мардум, бахусус дар ҳоле ки мавсими сохтмону таъмиру таҷдиди хонаҳо расидааст. Яъне дар ин самт ҳам мешавад, ин мувофиқаи ду кишварро то андозае «қадаме ба пеш» арзёбӣ кард...»
Бо ин ҳама, раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз анҷоми сафараш ба Тошканд, рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе ва рӯзи душанбеи 14-уми июн дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо аъзои ҳукумати кишвар ҷаласа ороста, ба гуфтаи таҳлилгарон, эҳтимол меравад, дар ин нишастҳо тасмими баъдии давлати Тоҷикистон оид ба тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мухолифатҳои Узбакистон ба ин тарҳ, гирифта шавад.