Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзу ва нақшаҳои Шумо дар соли 2011 амалӣ шуданд?


Нақшаву барномаҳое, ки дар оғози соли 2011 доштед, то куҷо "ҷомаи амал" пӯшид ва ба хушҳолии Шумо афзуд.

Ҳамаи инсонҳо соли навро бо орзу ва нақшаҳои хубе истиқбол мегиранд ва талош мекунанд, то орзуҳояшон дар тӯли сол "ҷомаи амал" бипӯшад.

Як сол пеш аз ин, вақте соли нави 2011 фаро мерасид, аксарият бо орзуҳои хубе онро пешвоз гирифта ва умедвори он буданд, ки ин сол барояшон хушиву хушбахтӣ биорад.

Гурӯҳе орзу доштанд, ки донишҷӯ шаванд. Бархеи дигаре талош мекарданд, то соҳиби худрав ё мошин гарданд ва ё дар интизори фарзанд буданд. Сафи онҳое ҳам кам набуд, ки орзуи сафар ба Русияро доштанд ва ё мехостанд соҳиби манзиле гарданд.

Ҳоло бо гузашти як сол хабарнигори "Озодӣ" ба хиёбонҳои Душанбе баромад ва аз сокинони пойтахт пурсид, ки оё дар соли 2011 орзу нақшаҳое, ки онҳо доштанд амалӣ шуд, ё на.

Аввал назари сокинони шаҳри Душанберо дар навори зер бубинед ва баъдан назари худро ҳам бинависед, ки воқеан дар соли 2011, соле, ки моро мегузораду меравад, то куҷо нақшаву орзуҳои Шумо ҷомаи амал пӯшидааст.

Нақша ва орзуҳои Шумо дар соли 2011 иҷро шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG