Имом Сулаймон Йеничорӣ, ки дар шимолу ғарби Туркия зиндагӣ мекунад, пас аз таҳлили рафтори Бобои Барфӣ ба хулосае расидааст, ки набояд ба ӯ бовар кард.
Дар ин бора торнамои рӯзномаи италиявии "Коррьере делла сера" матлабе мунташир намуда, гуфтааст, ба ақидаи Имом Сулаймон шубҳаовар аст, ки Бобои Барфӣ (Дед Мороз, Санта Клаус) ҳангоми тақсими тӯҳфаҳои солинавӣ аз мӯрӣ ё дудмон ба хонаҳо медарояд. Ба ақидаи имом ин амал зидди усулест, ки дар Қуръон зикр шудаанд.
Вай мегӯяд: "Бобои Барфӣ аз тиреза ё дудкашҳо ба манзили одамон медарояд. Агар вай одами росткор мебуд, тавре ки роиҷ аст, монанди одамон аз дар ба хонаҳо ворид мегашт."
Имом Сулаймон Йеничорӣ инро дар ҳоле мегӯяд, ки сокинони деҳаи Бобо Ноил дар ҷанубу ғарби Туркия бар инанд, ки Бобои Барфӣ дар ватани онҳо ба дунё омада, аз ин ҷо ба сайри ҷаҳон рафтааст. Ба қавли онҳо, номи аслии ӯ на Бобои Барфӣ ё Санта Клаус, балки Бобо Ноил аст ва деҳаи онҳо низ номи ин пирамарди ришсафедро дорад, ки бо тӯҳфаҳои худ дили кӯдаконро шод мекунад.
Дар арафаи Соли Нав кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе аз Бобои Барфие тӯҳфа гирифтанд, ки ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" барояшон фиристода буд. Онҳо шоҳид шуданд, ки ин Бобои Барфӣ на аз дудкаш, балки аз дар вориди манзили онҳо шуд. Худ бубинед ва қазоват кунед.