Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маро «Бобои барфӣ» никоҳ кард


Ҳар сол вақте ки иди Соли Нав фаро мерасад, қиссаи ҷавониямро ба ёд меорам ва ба бобоҳои барфии имрӯза менигараму ришханд мезанам, зеро Бобои барфии ман дигар буд ва ба ману хонадонам хушбахтӣ овард.

Ҳайрон нашавед, ки байни Бобои барфӣ, ишқ ва никоҳ чӣ пайванд аст. Барои Шумо нест, барои ман ҳаст.

Духтареро аз гузари болои маҳаллаамон бо як дидан ошиқ шудам. Вале духтари хонагӣ, ки буд, дар кучаву паскуча бо поидану кофтан ӯро дида наметавонистам.Танҳо имкону шароити аз дур дидани духтарак вақте фаро мерасид,ки дарсҳои донишгоҳ тамом шуда таътил фаро мерасид ва ман аз шаҳр ба деҳаамон мерафтам ва гоҳ-гоҳе ӯро дар иҳотаи дугонаҳояш ё дар назди мактаб ва ё дар лаби ҷӯй медидам.Боре гар уро танҳо меёфтам ва аз ишқ лаб мекушодам ду бари руяш мисли лолаҳои куҳистон сурх мешуд ва зуд аз наздам мегурехт. Ба зами ин ҳолдонҳо гуфтанд модаре дорад,ки аспакиро аз аспаш пиёда мекунад.

Ман модари духтарро ягон бор надида тарсашро он қадар дар дилам ҷо карда будам,ки ҳеҷ ҳурбаи ба назди ҳавлиии онҳо наздик шуданро намекардам.Ҳамеша дар фикри баҳонае ва ё тадбире будам,ки боре ӯро дар танҳоӣ бубинам ва изҳори ишқ кунам.

Фаслҳои сол пайи ҳам мегузашатанд. Ва соли охири таҳсили духтарак ҳам расиду дили маро гургҳо тала мекарданд,ки мабод касе аз ман пешдастӣ кунад.Ин фикр аз як су ва аз суи дигар ишқи ҷигарсузу беҷавоб ҳоламро ногувор карда буд. Хурду хоб ҳам маро тарк карда буд.

Зимистони сербарф буд ва омад омади соли нав.Бо хоҳарам маслиҳат кардему аз хонаи маданияти ноҳияамон либоси Бобои Брфӣ ва Барфакро гирифта ба тан ва як борхалтаро пур аз канду қурс ва бозичаҳо карда роҳи гузари боло-маҳалли зисти духтарак-ғоратгари қалбу ақламро пеш грифтам.Аҷаб содда будаам. Кошке ақли ҳозираам мебуд,ки медонистам,ки камтарин кору камтарин руйдод ва ё овоза дар деҳа зуд паҳн мешавад ва дар деҳот душвор аст чизеро аз гушу чашми мардум пинҳон кардан.

Мо аввал ба хонаи чанде ҳамгузарони духтарак даромада бошандагонашро бо соли нав муборакбод кардаву ба кудакон туҳфа додем. Вақте ба хонаи ҳамсояҳои наздики духтарак даромадем,маро дидан баробар маънидод табассум карданд. Ман ки хоҳаркам барфиро барои он.ки мабодо уро шиносанд ҷавоб додаву ва танҳо ба ҳавлии дустдоштаам ворид шудам, бо ришу бурути сунъи қариб тамоми руямро пушонида будам,бболварам намеоомад,ки маро шиносанд. Вале аз ҳаяҷон сар то поямро ларза фаро гирифта буд.

Садои муборакбодии маро шунида аввал аз хона бародарони духтар,баъд модараш баромад.Як гузорам ба чеҳраи духтар афтод,ки дар паси онҳо меистод ва шармида лабханд мезад.Як лаҳзае,ки бехуду парешон духтаракро наззора мекардам,чанд зарбае ба сар ва пуштам хурдаву ба худ омадам. Модари духтар: Ҳо,боз ту фиребгар ҳам будаӣ,гуфта бо ҷоруб маро мезад. Дар ҳоле ки ба гушам садо модари духтар «Сагро сар деҳ адабашро диҳад» расид, саросема аз ҳавлии онҳо бадар рафтам.

Ман ҷониби маҳаллаи худамон медавидамму дар ду ҷониби роҳи миёни деҳа мардум ҷамъ шуда қоҳ-қоҳ ба ҳоли ман механдиданду Бобои барфи-домод гуфта маро масхара мекарданд.Бархе садоҳо мисли: «пас наё,натарс вақте дӯст медорӣ, аҳсант,қандата зан йигит,охир бечора ошиқ аст, чӣ кор кунад? … ба гушам мерасиданд ва умедвории маро барои расидан ба висоли ҷононаам бештар мекарданд. Ман медавидаму симои духтарак ва нигоҳи шармидааш,ки гуё ба ман мегуфт «Ман ҳам туро дуст медорам», дар пеши чашмонам ҷилва мекард.

Ман баъди гузаштани як ҳафта аз ин ҳодиса падару модарамро ба хостгории духтарк фиристодам. Модари духтар хостгорҳои маро бо хандаву шухӣ ва ҳамзамон бо эҳтиром қабул кардаву азизамро ба ман доданд.

Инак мо 45 сол аст,ки бо ҳамем.Фарзандону набераҳои хубу солеҳ тарбият кардем. Вале ҳанӯз ҳам мардуми деҳаи мову ҳамсарам маро Бобои «Барфӣ-домод» ном мебаранд. Ва ҳар сол дар соли нав вақте сари датурхони идона мешинем,ҳатман он воқеи аҷибу ва ҳам сарнавиштсозро ба ёд меорему механдем.

Ин қиссаи бобои ман, "Бобои барфӣ"-и 45 сол, Қурбоналӣ Маҳмудови 72 сола аст, ки ман бароятон навиштам.
XS
SM
MD
LG