Дар даври ниҳоии озмун, ки дар Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ баргузор шуд, шаш нафар довталабон миёни ҳам сабқат карданд.
Тамошобинон ва доварон ба ҳунари суханварӣ, либоспӯшӣ, рақсу суруд, ороиш додани кокулу арчаи соли навӣ ва пухтупазӣ довталабони хурдсол баҳо дода, Манижаро ғолиб донистанд.
Ганҷина Назридодова, модари Манижа мегӯяд, омодагӣ ба сабқати ниҳоӣ пуршиддат ҷараён гирифт, зеро волидони кӯдакон мехостанд дар даври ниҳоии озмун ҳама чиз ғайриинтизор сурат бигирад. Аз ин рӯ ҳаддалимкон кӯшиш мекарданд, «асрорашон »-ро аз рақибон пинҳон доранд.
Ба Озода Назридодова, як тамошобини озмун талоши кӯдакон барои ба даст овардани ғолибият, вале ҳисси изтироб ва ҳаводории волидону хешовандонашон дар фазои гарми кафкӯбии пурмавҷи мухлисон писанд омадааст.
Дар баргузории озмун ташкилотҳои ҷамъиятии «Эҳё» ва «Орзуи кӯдакон» ва ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Шарқ» саҳм гузоштанд.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Орзуи кӯдакон» Ангура Манзаршоева бовар дорад, ки озмун ба тарбияи зебопарастӣ ва инкишофи зеҳнии кӯдакон ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари волидон ба тарбияи фарзандони хурдсол мусоидат мекунад.
Дастандаркорони озмун мегӯяд, ки ҳадаф доранд, баргузориии озмуни "Олиҳаи хурдсол"-ро дар байни тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва хонандагони синфҳои ибтидоии макотиб дар Хоруғ ба анъанаи ҳарсола табдил диҳанд.