Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Эмомалӣ – номзад ба вазифаи президенти ФФТ


Рустам Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Номзадии Рустам Эмомалии 24-сола ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Рӯзи 5-уми январи соли 2012-ум конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо мегардад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Валерий Турсунов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар дод. Вай гуфт, бар асоси Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин конфронс роҳбарияти нави федератсия (президент, ноиби президент, аъзои кумитаи иҷроия) интихоб мешавад.

Ҷаноби Турсунов мегӯяд, "дар айни ҳол ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон танҳо номзадии Рустам Эмомалӣ, ки феълан ноиби президенти ин федератсия мебошад (зимнан, имрӯз, 19-уми декабр 24-сола шуд), пешниҳод шудааст. Ман фикр мекунам, дар шароити имрӯза ӯ ягона номзадест, ки ба ин мансаб муносиб аст. Зеро ӯ метавонад масоили зиёдеро, ки имрӯз дар назди ФФТ истодааст, ҳал намояд. Ин сохтмони варзишгоҳҳову майдонҳои футбол, азнавсозии сохтори федератсия, умуман, корро ба таври нав пеш бурдан лозим меояд."

Валерий Турсунов
Валерий Турсунов
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар идомаи сӯҳбат иброз дошт, ки “мавсими имсолаи футбол ғайриқаноатбахш буд. Аз дастаи мунтахаби наврасони кишвар сар карда, то тими миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ноком шуданд.

"Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи кишвар дар таърихи 20-солаи Истиқлолияти Тоҷикистон, ба назари ман, аз ҳама мусобиқаи бадтарин буд. Мо бояд барои баргузории мусобиқот Лигаи футболи касбиро таъсис диҳем. Инчунин дар ФФТ бояд мутахассисони варзида кор кунанд. Шумораи кормандони федератсияро, ки айни ҳол ҳудуди 70 нафарро ташкил медиҳанд, се маротиба кам кардан зарур аст",- мегӯяд Валерий Турсунов.

Ба гуфтаи ҷаноби Турсунов дар кори конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкати намояндагони ФИФА (Созмони байнулмилалии футбол) ва АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) ба ҳайси нозирон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG