Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шинохти ом аз "дӯст"-у "душман"-и Тоҷикистон


Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, шинохти "дӯст"-у "душман"-и кишварашон мушкилтар шудааст.

Онҳо мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ягон кишварро наметавонанд ба унвони "дӯсти ҷонӣ" ва ё қарини Тоҷикистон ном баранд. Зеро ба қавли онҳо, Русия, ки солҳо ба унвони дӯсти наздики Тоҷикистон дониста мешуд, бо бархӯрдаш дар масъалаи халабонҳо, ин дӯстиро костааст.

Алатта, ин назари як гурӯҳи мардум аст. Гурӯҳи дигар ҳамоно Русияву Узбакистонро дӯсти Тоҷикистон ҳисоб мекунанд, ки яке барои онҳо ҷои кор дода, буҷаи хонаводаашон таъмин мекунад ва яке ҳамсояи наздик аст. Бо вуҷуди он, ки Узбакистон дар бисёр маврид бо Тоҷикистон мухолифат дорад, вале ин гурӯҳи мардум ҳамсояи наздикро беҳ аз хеши дур медонанд.

Барои иддае аз мардум Эрону Афғонистон дӯстони ҷониву қарин мебошанд. Чун онҳо бовар доранд, ки ин ду кишвари ҳамзамбону ҳамфарҳанг ва ҳамдини Тоҷикистон дар лаҳзаҳои мушкил кишварро танҳо нагузоштаанд ва аз ин ба баъд низ танҳо нахоҳанд гузошт.

Аммо барои тоифае ҳам душвор аст, ки таъйин кунанд, ки воқеан чӣ кишваре метавонад дӯсти самимии Тоҷикистон бошаду бимонад.

Дар навори зер: Посухҳои сокинони шаҳри Душанбе ба пурсиши "Кадом кишварро дӯсти Тоҷикистон мешуморед?"

Шинохти ом аз "дӯст"-у "душман"-и Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG