Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Муҷримон муҷозот хоҳанд шуд"


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар нишасти Шӯрои амнияти кишвар изҳор намуд, ки ҳама муҷримони бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен муҷозот хоҳанд шуд. Аз ин пеш ӯ дар бораи вазъи фавқулодда дар ин шаҳр амр содир карда буд.

Намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона изҳор намуд, ки беназмӣ дар Жанаозен аз сӯи тақрибан 70 нафари ҷиноятпеша ташкил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, издиҳом ба кормандони полис ҳамла карда сӯи онҳо оташ кушод ва кормандони полис маҷбур шуданд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд.

Рӯзи шанбе кормандони полис тазоҳуроти сокинони шаҳраки Шептаи вилояти Мангистауро саркӯб карданд. Як нафар кушта ва 11 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дирӯз сокинони шаҳри Жанаозен роҳи қаторҳои мусофирбар ва боркашро бастанд. Миёни онҳо ва кормандони полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи додситонӣ, тазоҳургарон як тепловозро оташ зада, ба қаторҳои боркаш шишаҳо бо маводи сӯзанда андохтанд. Кормандони полис барои пароканда кардани тазоҳургарон сӯи онҳо оташ кушоданд. Дар бораи кушташудагон ё маҷрӯҳон алҳол иттилое нест.

Рӯзи ҷумъа бар асари бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен 11 нафар ба ҳалокат расида, 86 тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG