Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нашрияҳо чӣ мавзӯъҳоро меҷӯед?


Ба ақидаи раҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе нашрияҳои Тоҷикистон барои ҳар хонанда матлабе доранд.

Вақте шаҳрвандон аз рӯзномафурӯшиҳо нашрияҳои хосеро дархост мекунанд, пурсише рӯ мезанад, ки оё чӣ мавзӯъ ва матлаб онҳоро ба муштариёни нашрияи муайяне табдил додааст.

Посухҳо ба ин суол нишон дод, ки ҳар хонанда аз нашрияи писандидааш хостҳои мушаххасе дорад. Яке мавзӯъҳои иқтисодию тиҷоратиро меҷӯяд ва дигаре хабарҳои сиёсии кишвар ва ҷаҳонро. Муштарие дар пайи огаҳиҳо мегардад ва дигаре нашрияеро барои кроссвордҳояш хуш кардааст.

Зоҳиран, ҳар кас барои худ чизе пайдо мекунад. Аммо пурсиши кӯтоҳи мо далели ин ҳам буд, ки шаҳрвандонро бештар масъалаҳои оилаву оиладорӣ ба худ ҷалб кардааст. Оё ин аз таъсири фавҷи достонҳои заношӯӣ ва ихтилофи арӯсу хушдоман дар нашрияҳост, завқи тайи солҳои охир шаклгирифтаи хонанда ё ҳастии мушкили воқеӣ дар ҷомеа?

Аз нашрияҳо кадом матолибро меҷӯед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
Линки мустақим

Агар ин суоли мо ба Шумо дода шавад, чӣ посух медиҳед? Кадом нашрияро мехонед ва ба хотири чӣ? Аслан аз матбуоти кишвар чӣ чизҳоро меҷӯед? Пайдо мекунед ё на? Интизор посухҳои Шумоем.
XS
SM
MD
LG