Тазоҳуркунандагон дар ҷараёни ин тазоҳурот тақозо карданд, ки натиҷаҳои интихоботи парламонии 4 декабр ботил эълон шавад.
Дар Маскав ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон дар майдони Болотная гирдиҳам омаданд. Пулиси Маскав тахмин мезанад, ки дар Болотная ҳудудан 15 ҳазор нафар ҷонибдорони мухолифон гириҳам омадаанд, вале дигарон ин шумораро 40 ҳазор нафар тахмин мезананд. Қаблан мақомоти Русия ширкати 30 ҳазор нафарро дар ин тазоҳурот ба таври расмӣ иҷоза дода буданд.
НОРОЗИГӢ АЗ НАТОИҶИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ
Нотиқон дар ин тазоҳурот барканории Владимир Чуров-раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва лағви натиҷаҳои интихоботро тақозо карданд. Ин кумиссиюн эълон кардааст, ки ҳизби “Единая Россия” ё ҳизби “Русияи Воҳид”-и нахуствазири Владимир Путин дар ин интихобот бо бартарии ночиз пирӯзӣ ба даст овардааст.
Дар Маскав Сергей Митрохин-раиси ҳизби “Яблоко”, Анастасия Удалтсова-хонуми Сергей Удалтсов-раҳбари мухолифонпи чапгаро, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад ва Михаил Касянов-нахуствазири пешин суханронӣ карданд. Касянов гуфт, тазоҳуркунандагон бояд ба лағви натиҷаҳои интихобот ноил шаванд. Вай афзуд, “агар мақомот натиҷаҳои ин интихоботро ботил эълон накунанд, дар он сурат мо медонем, ки дар интихоботи расёати ҷумҳурӣ 4 марти соли 2012 чӣ тарз рафтор кунем. Мо Путинро ба Кохи Кремл иҷоза нахоҳем дод. Ҳама кор дар дасти мост”.
Чунин тазоҳурот дар шаҳрҳои дигари Русия низ баргузор шуд. Дар Санкт - Петербург мақомот ба таври расмӣ баргузории тазоҳуротро иҷоза надоданд. Вале тазоҳурот ва раҳпаймоӣ зери назорати шадиди пулис баргузор шуд.
Телевизиони давлатии Русия аз ҷараёни тазоҳурот пораеро намоиш дод, вале дар маҷмӯъ матбуотии давлатӣ аз тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталиф сарфи назар кардаанд.
Лидия, хонуми 29 солаи рус ширкаткунандаи тазоҳуроти майдони Болотная дар Маскав мегӯяд: “Мо ба ин раҳпаймоӣ барои он омадаем, ки бар зидди натиҷаҳои дурӯғини интихобот эътирози худро баён дорем”
Муҳаммади Эгамзод-рӯзноманигор ва шахси наздик ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, рӯзи шанбе, вазъ барои гашту гузори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав мусоид набуд: “Ман ахиран бо сафири Тоҷикистон дар Русия сӯҳбат доштам. Ба гуфтаи ин манбаъ, сафорат тавассути ҷамъиятҳои тоҷикон ва Шӯрои машваратии сафорат ба шаҳрвандонаш муроҷиат кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз гашту гузор худдорӣ кунанд, зеро дар ин рӯзҳо ҳар чӣ шуданаш мумкин.”
ОНИШЕНКО: "БА БЕРУН НАБАРОЕД, КИ САРМО МЕХӮРЕД"
Дар Русия дастур дода шудааст, ки дар ин рӯз, яъне дар рӯзи шанбе донишҷӯён таҳсили худро идома диҳанд. Генаддий Онишенко-раиси маркази беҳдошти Русия ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки дар шаҳрҳои мухталиф ба кӯчаву хиёбонҳо набароянд, зеро имкони гирифторӣ ба бемориҳои сармохӯрдагӣ вуҷуд дорад.
Дар Русия бисёриҳо бовар доранд, ки норизоятии мардум танҳо аз натиҷаҳои нодурусти интихобот нест, балки мардум аз ришвахорӣ ва аз ҳукумати 12 солаи Путин розӣ нестанд, шахсе ки бори дигар талош дорад дубора ба курсии раёсати ҷумҳурӣ биншинад.