Британия ва маҳофили байналмиллалӣ ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карданд.
МАҲКУМИЯТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дэвид Камерон-нахуствазири Британия баъд аз ҳамлаи ҷонибдорони муҳофизакорони Эрон ба ин биноҳо ба Эрон аз “пайёмадҳои ҷиддӣ”-и ин ҳамлаҳо ҳушдор дод. Вай нотавонии мақомоти эрониро маҳкум кард, зеро онҳо дар ҳимоят аз биноҳои Британия дар ин кишвар оҷизӣ кашидаанд. Вай гуфт, ҳукуматаш иқдомоти ҷавобӣ ба ин ҳамлаҳоро баррасӣ мекунад.
Шӯрои Амнияти СММ ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум кард. Президент Барак Обама аз Эрон хост, ки масъулони ин ҳамлаҳоро муҷозот намоянд. Вазорати умури хориҷии Русия ин ҳамлаҳоро ғайриқобили қабул хонд ва гуфт, ин ҳамлаҳо қобили маҳкум кардан аст. Аз ин ҳамлаҳо кормандони сафорати Британия дар Теҳрон осеб надидаанд.
Дирӯз тазоҳуркунандагон дар оғоз ба сафоратхонаи Британия дар Теҳрон ҳамла бурданд, тирезаҳои бинои сафоратхонаро шикастанд ва парчами Британияро оташ заданд. Ин ҳамлаҳо дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозӣ бар зидди таҳримҳои Британия анҷом гирифт ва раҳпаймоён “Марг бар Британия” шиор медоданд.
ХОТИРОТИ 32 СОЛ ҚАБЛ...
Чунин саҳнаҳо ҳатто ҳамлаи 32 соли пеши донишҷӯёни эронӣ ба сафоратхонаи амрикоро ба ёд меорад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Гулноз Исфандиёрӣ-таҳлилгари умури Эрон дар радиои Озодӣ дар Вошингтон пурсидам, оё чунин нест, ки мақомоти Эрон аз сиёсати “Каҷ дору марез” истифода кунанд ва аз як сӯ ба маҳофили байналмиллалӣ бигӯянд, ки дипломатҳои Британияро ҳимоят мекунанд, вале дар паси саҳна дар ин сенарияҳо даст дошта бошанд?
Гулноз Исфандиёрӣ: Албатта таъйид нашудааст, ки иқдоми алайҳи сафорати Бритониё дар Теҳрон аз сӯи ҳукумати Эрон будааст. Инро касе аз мақомоти эронӣ таъйид накардаанд ва вазорати хориҷаи Эрон ҳам аз ин ҳодиса ибрози таассуф кард ва гуфт, ки инро як теъдоди маҳдуди афрод анҷом додаанд. Пулис ҳам ба сафоратхонаи Бритониё рафт ва гуфтанд, ки 12 нафар аз ин афроде, ки аз онҳо ба унвони донишҷӯ ном бурда мешавад, дастгир шудаанд ва ҳатто аз гази ашковар истифода шуд. Мусалламан, вазъияте, ки дар Эрон мушоҳида мешавад, ин гуна иқдомот бидуни ҳимояти маҳофиле, ки қудрат дар дасташон ҳаст, сурат намегирад.
Суол: Ҳоло дар баъзе аз доираҳои сиёсӣ ҳамла ба сафоратхона ва манозили дипломатҳоро бо рӯйдоди 32 соли пеш бо сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон муқоиса мекунанд. Ин ҳамлаҳо чӣ шабоҳатҳо ва чӣ фарқиятҳо дорад аз 32 соли пеш?
Гулноз Исфандиёрӣ: 32 соли пеш, ки як гӯрӯҳ донишҷӯён ба сафорати Амрико дар Теҳрон ҳамла карданд ва 52 дипломати амрикоиро барои 444 рӯз ба унвони гаравгон нигаҳ доштанд, фарқ мекунад, барои он ки имрӯз бештар он замон ба ёд меояд, ки он ҳамла худҷӯш буд, албатта мароҳили аввали он. Баъдтар мақомот аз он ҳимоят карданд. Вале ин иттифоқе, ки афтодааст, он гуна, ки ба назар меояд ва мегӯянд, худҷӯш набудааст ва аз пеш барномарезӣ шудааст. Масъалаи дигар ин аст, ки дар ҳодисаи дирӯз дипломатҳои бритониёӣ, ки дар Эрон ҳастанд, гаравгон гирифта нашудаанд. Албатта, дар аввал гузориш омад, ки 6 нафари онҳо гаравгон гирифта шудаанд. Вале баъдтар ин хабар рад шуд. Хабаргузории Миср, ки ин хабарро пахш карда буд, онро аз рӯи вебсайташ бардошт. Хабаргузории Форс ҳам гуфт, ки 6 нафар дипломатҳои Бритониё, ки муҳосира шуда буданд, пулис онҳоро озод кард ва онҳо аз он маҳал хориҷ шудаанд. Фарқияташ ҳамин аст ва ба назар меояд, ки худҷӯш набудааст. Вале ба ҳар ҳол чунин ба назар мерасад, ки бо ҳимояти бахше аз одамоне сурат гирифтааст, ки дар Эрон дар сари кор ҳастанд.
Суол: Худи Бритониё ва кишварҳои дигар ба ин ҳамлаҳо чӣ вокуниш нишон додаанд?
Гулноз Исфандиёрӣ: Мусалламан, ин ҳамла ба вокуниши тунди Бритониё, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ шудааст ва ҳатто гуфта мешавад, ки мумкин аст дар СММ ҳам дар ин замина як баёния содир шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки пайёмадҳои ин иқдом чӣ хоҳад буд, вале ин нукта рӯшан аст, ки байни Эрон ва ҷомеаи байналмиллалӣ боиси эҷоди таниш мешавад ва ҳамчунин чунин ба назар мерасад, ки мумкин аст Эрон беш аз пеш аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ дар инзиво қарор бигирад.