Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Говатро фурӯшу мавҷгири “параболӣ” бихар”


Ҳоло дар деҳот низ ҳар кас дар ҳоли камтарин имкон мавҷгири моҳвораӣ харидорӣ мекунад.

Дар гӯшаи боми хонаи гилини охирин сокини деҳаи Деҳи Қозии ноҳияи Шӯрообод низ мавҷгири моҳвораӣ намудор шуд. Бо насби он акнун дар ин русто хонае намонд, ки мавҷгири лаълимонанд надошта бошад.

Соҳибхона Амир Маҳсиддинов мегӯяд, бо назардошти мушкили дастрасӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва якрангии барномаи онҳо, ба мисли дигар сокинони деҳ мехост, чунин мавҷгир дошта бошад, вале мушкили молӣ сади роҳ мегашт. Танҳо бо фурӯши як бузу гӯсфанд ин мушкил комилан ҳалли худро пайдо кард.

Вай гуфт: «Аз рӯзе, ки ҳамин антенаи параболиро гирифтам, зиндагӣ дигар шудааст. Як хубу гандаи дунёро мефаҳмӣ. Дар ин ду се канале, ки мегирифт, фақат консерту киноҳои нохуб пахш мешуд. Аз ин антен ҳар чизе хоҳӣ, тамошо мекунӣ.»

Ин мард ҳоло дар фикри харидории муҳаррики чиноии тавлиди барқ аст, ки аллакай аксари сокинони деҳ ба он дастрасӣ доранд. Парвина, як зани дигари деҳа мегӯяд, дар фасли зимистон реҷаи интиқоли нерӯи барқ зиндагиро баҳам мезанад, Аз ин рӯ, мардум талош доранд, то ба 200 то 600 сомонӣ генеатор харидорӣ кунанд.

Ӯ мегӯяд: «Мардуми деҳот дар ҳамин зимистон каме вақти бекориву истироҳат пайдо мекунанд. Аммо дар чунин рӯзҳо барқ нест, ки телевизион тамошо кунӣ. Ҳоло аксарият, ки зӯрашон мерасад, движок мехаранд».

Назари аҳли як русто дар бораи мавҷгирҳои моҳвораӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00


Ҳоло арзонтарин мавҷгири моҳвораӣ наздики сад доллари амрикоист. Бо ин мавҷгир беш аз 30 шабакаи телевизиониро, ки комилан русиянд, дидан мумкин аст. Маҳмудҷон Раҳматзода, як коршиноси маҳаллӣ аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, феълан 60 дар сади аҳолии шаҳру деҳот ба чунин мавҷгирҳо дастрасӣ доранд. Аммо ба гуфтаи Раҳматзода, истифодаи чунин антенҳо зеҳни сокинонро куллан дигар мекунад.

«Дар ҳамин қазияи хабси халабонҳо мардум ба тавре ҷонибдори Русия сӯҳбат мекарданд. Ин аз он сабаб буд, ки ҳама барномаҳои Русияро, ки аксаран масъаларо якҷониба инъикос мекарданд, тамошо мекарданд. Доштани моҳвораҳои аз як сӯ боманфиат бошад, дар бархе маврид зиёновар ҳам ҳаст.»

XS
SM
MD
LG