Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиҳӣ бону Файзиниссо..."


Латифи 4-сола, аз Екатеринбург
Латифи 4-сола, аз Екатеринбург

Дар посух ба як матлаби "Озодӣ" дар бораи он, ки як муҳоҷирзани тоҷик дар Русия аз фарзандони худ даст кашидааст, корбарони мо номаҳои зиёде фиристодаанд.

Аз ҷумла зани хайрхоҳе бо номи Файзиниссо аз шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тайи як нома изҳорӣ омодагӣ намуда буд, ки ҳар дуи ин кӯдаконро ба фарзандӣ бипазирад. Хонум Файзиниссо тайи ин нома навишта буд, ки то пайдо шудани волидайн, ин кӯдаконро ба тарбияи ӯ вогузор кунанд ва гуфтааст ин корро танҳо барои савоб ва ризогии Худо анҷом медиҳад.

Ин иқдоми хонум Файзиниссо воқеан сутуданист ва хусусан дар шароити сахти рӯзгор дар Тоҷикистон, ки падару модар аз ӯҳдаи тарбияи фарзандони худ намебароянд ва куҷо расад ба нигоҳубини фарзанди ғайр ва он ҳам ду нафар.

Зиҳӣ чунин занони фарзонаи тоҷик, ки чунин меҳру мухаббати модарии зиёд доранд ва дар синаҳои худ қалбҳои бузургеро ҷой додаанд.

Дар робита ба иқдоми ин зани хайрхоҳ як корбари мо бо номи Шербону менависад: “Воқеан дар пеши пои ин зани ҷасур сари таъзим фуруд меорам. Зиҳӣ бонуи шерон Файзинисо. Ин кори шумо монанди Гурдофарид ва Роза Отунбоеваи қирғиз аст. Хоки потун шавам.”

Хонандаи дигаре ҳам бо номи Бонуи Зарафшонӣ ин иқдоми хонум Файзиссоро сутуда навиштааст: “Файзинисо бисёр мехохам донам, ки Шумо худ модар ҳастед ва фарзанд доред? Зеро дар ин шароити вазнини иктисодӣ дар Точикистон модарони сохиби фарзанд ҳеч вақт чунин чуръатро намекунанд, чунки тарбия ва таъмини кӯдакон нихоят душвор буда харҷи зиёдро талаб мекунад. Ман дар назди Шумо барин зан сари таъзим фуруд меоварам.

Аммо ба назари Аҳрулло аз Санк-Петербург, рӯй гардонидан аз ҷигарбандон ва он ҳам дар диёри ғурбат як даҳшат аст: “ Чи рӯзи даҳшат, ки акнун фарзандони муҳоҷир низ муҳоҷир аз вақти ширмакаиаш ва бар замми ин сарсону саргардон. Миллати мо ягон вақт ин қадар беқадру қурб набуд ва хору зор низ. Худо илоҳо ба волидайни ин кӯдакон инсоф диҳад. Ба бону Файзиниссо аҳсант, ки ин зан чи қадар дили бузурги пур аз меҳру муҳаббат доштааст."

Бо умеди рӯзгори беҳтари ин кӯдакони дар нимароҳ, аз хонуми дарёдил Файзиниссо ҳоҳиш мекунем, ки ҳар куҷо, ки бошанд дар зудтарин фурсат бо дафтари радиои Озодӣ дар тамос шаванд то дар ин амри хайр бо онҳо кӯмак намоем.

Аз корбарони муҳтарами сомона ҳам хоҳиш дорем, ки агар ин хонумро мешиносанд ва ё шумораи телефони ӯро дар даст доранд, ба мо иттилоъ диҳанд.
XS
SM
MD
LG