Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳони пӯшида -- сад тило?


Дар ҳоле матбуоту мақомоти Русия дар муқобили Тоҷикистону муҳоҷиронаш "муттаҳид" шудаанд, ки расонаҳои расмӣ ва мақомҳои тоҷик лаб ба сукут бастаанд.

Дар тамоми ин муддат телевизионҳои давлатӣ танҳо изҳороти додситони кулро пахш кардаанд, ки аз қарори додгоҳи Қурғонтеппа пуштибонӣ мекард.

ҚАЗИЯИ ҲУҚУҚӢ Ё СИЁСӢ?

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Хонаводаҳои тоҷик, ки ҳар сеюмӣ дар Русия муҳоҷири корӣ доранд, чигунагии сарнавишти наздикони худро аз моҳвораҳо ва сомонаҳои интернетӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Мо аз як мақоми давлатии Тоҷикистон, ки нахост исмаш ошкор шавад пурсидем, ки чаро мақомоти аввали кишвар ба таҳдиди туҳқирҳои ҷониби Русия вокуниш намекунанд. Ӯ гуфт, ки мақомоти кишвар ин қазияро сирф ҳуқуқӣ мешуморанд ва масъулияти вокунишҳо ба парвандаи халлабонҳо низ маҳз бар дӯши мақомоти ниҳодҳои ҳуқуқӣ гузошта шудааст.

Дар тӯли се- чаҳор рӯзи ахир, вақте ки мақомоти Тоҷикистон ба хомӯшии амиқ фурӯ рафта буданд, матбуоти расмии Маскав бо шумули шабакаҳои давлатӣ қазияи халабонҳоро ҳамчун талоши ниқорситонии Душанбе ба боздошти фарзанди як мақоми баландпоя марбут карданд.

АҚИБНИШИНӢ ДАР МАВҚИФИ ДУШАНБЕ?

Қарори додгоҳи Тоҷикистон аз ин минбарҳо ҳамчун тавтеаи Тоҷикистону давлатҳои ғарбӣ муаррифӣ шуд, ки гӯё барномаи берун бурдани Русия аз Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардаанд. Хомӯшии Тоҷикистонро дар рӯзи чаҳоруми буҳрон дар равобити Маскаву Душанбе додситони Хатлон халалдор ва қарори додгоҳро бисёр сангин арзёбӣ кард. Изҳороти ахир дарҳаму барҳамӣ дар ин қазияро бештар кард ва тавре намудор шуд, ки бо минбар додан ба додсиони музофотӣ Тоҷикистон аз мавқеъи аввалии худ ақибнишинӣ кардааст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик
Мо аз Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақили тоҷик пурсидем, ки чаро қазия чунин ранг гирифт? Муллоҷонов гуфт, Тоҷикистон аз оғоз бидуни омӯзиш ва таҳлили паёмади қарораш худ иқдом кардааст.

Бисёре аз таҳлилгарони тоҷик нармиш дар рафтори Душанберо чун як амали дер ва бетаъсир унвон мекунанд ва мегӯяд, дигар ба истилоҳ тир аз камон ҷаст ва мошини саркӯбкунандаи пулис ва мақомоти муҳоҷирати Русия ба ҳаракат даромад.

"МУҲОҶИРОНИ МАРИЗ" ВА МАҒЗУ МАВИЗИ "ЗАҲРОЛУД"

Геннадий Онишенко- сарпизишки Хадамоти беҳдоштии Русия муҳоҷирони тоҷикро «манбаи паҳнкунандаи СПИД ва сил» эълон кард ва Хадамоти муҳоҷират низ гуфт, ки аксари ҷиноятҳоро дар қаламрави Русия маҳз муҳоҷирони тоҷик содир мекунанд. Акнун кӣ метавонад кафолат диҳад, ки агар ҳам қазияи халлабонҳо ба хубӣ ҳал шавад, амнияти муҳоҷирон дубора таъмин хоҳад буд?

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00
Линки мустақим


Аммо бархе аз коршиносон хати маши Тоҷикистонро дар бӯҳрон бо Маскав дуруст мешуморанд ва мегӯянд бо мавқее, ки Тоҷикистон дорад посух нагуфтан ба ҳар даъвои ҷониби Русия амали муфид буд.
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов-коршинос аз созмони иҷтимоии «Индем» гуфт, ки барои раҳоии шаҳрванд ва ҳавопаймои худ Русия раиси ҷумҳурӣ ва вазири хориҷиашро ҳам ҷалб намуда талош кард қазияро бо сиёсат бипайвандад, вале ҷониби Тоҷикистон қазияро ҳуқуқӣ меҳисобад ва аз ин рӯ мудохилаи мақомоти сиёсӣ ба ин маъаларо муҳим намешуморад.

Бори аввал нест, ки дар равобити ду кишвари ба гуфтаи ҳар ду тараф “шарики стратегӣ” рахна пайдо шудааст. Дар гузашта низ бинобар сарпечиҳои Тоҷикистон аз дархостҳои бепули Русия дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ, ингуна ҷанҷолҳо ба миён омада буд ва силоҳи Русия дар он ҷанҷолҳо боз ҳам “муҳоҷирони мариз” ва мағзу мавизи заҳролуди Тоҷикистон буд.

Коршиносоне, ки равобити ду кишварро аз оғоз то ба имрӯз пайгирӣ кардаанд, бо назардошти масъалаи тамдиди муҳлати пойгоҳи 201-и Русия, имкони пайдо шудани рахнаҳои бештар дар ояндаро соқит намекунанд. Аммо буҳрони ахир метавонад барои мақомоти Тоҷикистон як такони ҷиддӣ шавад, ки доштани беш аз 1 миллион шаҳрванди вобаста ба пули Русия дар қаламрави ин кишвар ҳамеша ҳамчун абзори фишор болои мақомоти Душанбе боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG