Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар гуфт, муҳоҷирони кории тоҷик набояд баҳои ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар Тоҷикистонро бипардозанд.
Татьяна Локшина, муовини раиси дафтари Дидбони ҳуқуқи башари Русия, дар Маскав мегӯяд, вазъи кунунии муҳоҷирони тоҷик ҳодисаи ҳанӯз панҷ соли пешро, ки дар робита ба муҳоҷирони гурҷӣ иттифоқ уфтода буд, ба хотир меорад.
Вай гуфт, “Он чӣ ки ҳоло сурат мегирад, мисли маъракаи зидди гурҷиҳо дар соли 2006 аст. Агарчӣ мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки амалкарди онҳо ба ҳукми додгоҳ алайҳи халабонҳо иртибот надорад, аммо дар воқеъ ин як маъракаи ҳадафмандона алайҳи тоҷикони муқими Русия аст. Ба андешаи мо ин тамоюли бисёр манфӣ аст. Таъқиби ҷиноии шаҳрвандони рус дар Тоҷикистон ва рондани шаҳрвандони тоҷик аз Русияро набояд ба ҳам пайванд дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон набояд, ранҷи парвандаи ҷиноии кадом як шаҳрванди Русия дар Тоҷикистонро бикашанд. Ин ғайриқонунӣ аст.”
Александр Верховски, мудири созмони ҳомии ҳуқуқи “Сова” низ мегӯяд: “Ин мардум ҷинояте накардаанд, шояд муқарраротеро риоят накардаанд, масалан, ҳаққи иқомат ва ё иҷозаи кор надоштанд. Ин гуна масъаларо бо дигар роҳҳо ҳал мекунанд. Бешак, ин мардум қурбонии ин танишҳо шудаанд. Дигар ин ки онҳо қурбонии миллатгароён мешаванд, ин маърака ба афкори нодуруст дар бораи муҳоҷирон дар кишвар равған мерезад. Дар Русия ба қадри кофӣ мардуме ҳаст, ки тамоми мусибатҳои кишварро аз дасти муҳоҷирони корӣ медонанд. Набояд ба чунин афкор доман зананд. Ба андешаи ман паёмадҳои манфии ин маърака назар ба тамоми паёмадҳои дигари он зиёдтар хоҳад буд.”
Павел Слазус, ҳамоҳангсози барномаҳои муҳоҷирати дафтари минтақавии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Остона: "Мо ба вазъи пешомада таваҷҷӯҳ дорем, ва ҷараёни вазъро аз наздик мушоҳида мекунем, чӣ дафтари минтақавии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ ва чӣ намояндагии мо дар Тоҷикистон. Моро вазъи пешомада нигарон кардааст. Табиист, ки бояд ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун эҳтиром гузошта шавад ва сарнавишти инсон, чӣ муҳоҷирони тоҷик ва ё муҳоҷирони мо набояд ҷузъи маъракаҳо бошад. Дар ин замина нақши матбуот бисёр муҳим аст, ки чӣ гуна вазъро инъикос мекунанд. Инъикоси вазъ дар баъзе аз расонаҳои Русия маро нигарон кардааст, зеро ба ҷойи тасвири дурусти воқеъият ва ҳодисаҳо, баъзе аз расонаҳои русизабон дар инъикоси вазъ муболиға мекунанд, ки ба нафъи вазъи ҳозира ва нафъи муҳоҷирони бечора нест."
Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо талаби расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон дар Русия дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав таҷаммӯъ кардаанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, онҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик талош доранд ва ба ин манзур ситоди махсуси шабонарӯзӣ ҳам ташкил кардаанд.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ихроҷи як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷикро ба ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” марбут медонанд. Аммо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, қазияи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ба маҳкумияти Владимир Садовничий ва Алексей Руденко рабте надорад.
Ҳарчанд ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” ва халабонҳояш “русӣ” унвон мешуданд, ахиран раҳбари ин ширкат ба хабаргузории “Интерфакс” гуфта, ки ширкат, ҳавопаймоҳо ва халабонҳо берун аз қаламрави Русия сабти ном шуда ва “русӣ” нестанд. Вале ӯ аз ифшои ҷое, ки онҳо номнавис шудаанд, танҳо ба далели халал ворид нашудан ба кори халабонҳои маҳкумшуда дар Тоҷикистон худдорӣ намудааст.
Бо ин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, феълан дар шаҳри Маскав 205 муҳоҷири тоҷик боздошт шудаанд. Рӯзи шанбе 12 муҳоҷири тоҷик аз Маскав ихроҷ ва ба Тоҷикистон “депортатсия” гардиданд, ки ба қавли мақомоти Русия онҳо муқаррароти буду бош дар ин кишварро нақз кардаанд.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ки қаблан изҳор карда буд, мунтазири посухи рӯшани ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ҳукми ду халабони ширкати "Ролкан" мемонад, гуфтааст, ҳеҷ маъракаи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави кишварашро намебинад. Вай афзудааст, боздошт ва маҳкумияти ду халабон дар Тоҷикистон, ки яке аз онҳо шаҳрванди Русия мебошад, наметавонад ба равобити Душанбеву Маскав таъсир бигузорад.