Ин парвандаи ҷиноӣ дар асоси шикояти сокинони маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб, ки дар расонаҳои кишвар унвонии додситони кулл нашр шуда буд, ифтитоҳ шудааст.
Тибқи посухи хаттие, ки додситонӣ ба сокинон равон кардааст, Абдухолиқ Лоиқов, Назиршоҳ Раҳимов, Ҳайитов Қурбоналӣ ва Ғозиев Зоирхон, дар тақсими ноодилонаи замину манзил барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб дар як соли пеш муттаҳам дониста мешаванд.
Ҳангоми тафтиши додситонӣ маълум шудааст, ки то ҳол чанде аз зарардидагони офати табиии рӯзи 7-уми майи соли 2010 дар шаҳри Кӯлоб соҳиби манзил нашудаанд ва онҳо дар манзилҳои қисман харобшудаи худ ба сар мебаранд. Дар ҳамин ҳол, баръакс, чанд тан аз афроде, ки зиён надидаанд, соҳиби манзили зист шудаанд.
Сокинони маҳаллаҳои офатзада, ки аз қонуншиканиҳои мансабдорони маҳаллӣ шикоят мекарданд, аз натиҷаҳои тафтиши додситонӣ изҳори хушҳолӣ доранд. Мавзунбӣ Аҳророва, як тан аз сокинони маҳаллаи Чармгарони Поён тафтиши додситониро ҷиҳати барқарор кардани адолат умедворкунанда номид.
Моҳшариф Саъдуллоева, сокини дигари ин маҳалла афзуд: "Ба додгоҳу додситони шаҳри Кӯлоб ва раиси шаҳр чанд бор рафта муроҷиат кардем, вале касе ба додамон нарасид. Худо баракат диҳад, ҳамин прокурори ҷумҳуриро, ки ба додамон расид."
Ҷумъахон Алимӣ, як сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, пеш аз шикоят ба додситони кул онҳо ба мақомоти маҳаллӣ ариза дода буданд, вале касе ба додашон нарасида буд. Ҳоло сокинони зарадида умедворанд, ки Додситонии кул ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Масъулини додситонӣ низ ба сокинон ваъдаи барқарории адолатро додаанд. Сокинони зарадидаи Кӯлоб беш аз як сол боз аз ноадолатиҳои масъулини маҳаллӣ шикоят мекарданд.