Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Барак Обама – нерӯмандтарин фарди сайёра


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Маҷаллаи Forbes дар шумораи нави худ феҳристи ҳафтод шахсияти қудратманди ҷаҳонро ба нашр расонд.

Соли равон дар ин феҳрист Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар зинаи аввал ва Владимир Путин, нахуствпазири Русия дар зинаи дуввум ва Ҳу Ҷинтао дар зинаи севвум қарор доранд.

Баъд аз ин се марди маъруфи ҷаҳон дар зинаи чаҳорум як хонум -- Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, ҷой гирифтааст. Ба ин тартиб, хонум Меркел қудратмандтарин зани ҷаҳон дониста мешавад. Дар миёни ин 70 нафар шахсиятҳои нерӯманди ҷаҳон сиёсатмадорон, шахсиятҳои мазҳабӣ, сармоядорон ва ҳатто созмондиҳандагони ҳамлаҳои террористӣ ё қочоқчиён низ ҳастанд.

Пас, суол ин аст, ки бо назардошти чӣ меъёрҳо чунин ашхос ба феҳристи нерӯмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон ворид шудаанд? Воқеан, чӣ омил боис шудааст, ки Барак Обамаи сиёсатмадор, Далай Лама-пешвои мазҳабӣ, чанд миллиардер ва Марк Зукеберг-муассиси Facebook дар ин феҳрист шомил шудаанд?

Владимир Путин
Владимир Путин

Худи маҷаллаи Forbes мегӯяд, барои таъйини эътибор ва ворид кардани чунин шахсиятҳо ба ин феҳрист чаҳор омилро дар назар гирифтааст. Меъёри аввал ин ки ба шахси мавриди назар чанд нафар гӯш медиҳанд ва ба истилоҳ вай “гапи худро ба чанд нафар гузаронда метавонад”. Масалан, попи Рум Бенидикти 16, ки дар ин феҳрист дар зинаи 7 ҷой гирифтааст, барои маъруфияташ дар миёни аҳолии католик ва шумораи зиёди пайравонаш ё Ҷеффрӣ Иммелт - раҳбари як ширкати барқ, ки дар зинаи 28 аст, барои шумораи кормандонаш шахсияти нерӯманд дониста шудааст.

Маҷаллаи Forbes менависад, вақте ки онҳо сарчашмаи даромади номзадҳои миллиардерро таҳқиқ мекарданд, ба ин нукта бештар ҷалби таваҷҷуҳ доштаанд, ки молиёти онҳо ё даромади нохолиси миллии овардаи онҳо барои кишварашон чӣ қадр будааст. Ин нукта низ дар назар гирифта шудааст, ки номзади мавриди назар танҳо дар кишвар ва минтақаи худ шӯҳрат дорад ё берун аз он низ вайро мешиносанд. Масалан, шаҳрдори Вошингтон Майкл Блумберг маҳз бо ҳамин нишондод 17-умин шахси машҳури ҷаҳон дониста шудааст. Вай сиёсатмадори нерӯманд ва миллиардеру шаҳрдори башардӯст низ ҳаст.

Омили дигар ин аст, ки ин шахсиятҳои қавӣ то чӣ андоза тавонистаанд аз қудрати худ истифода кунанд. Дар маҷмӯъ, ҳар яке аз ин 70 нафар ба ҳисоби миёна ба ҳар 100 миллион нафар аҳолии сайёра дуруст меояд.

Вале қудратмандтарин шахси сайёра Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, эътироф шудааст. Соли гузашта дар ин мақом Ҳу Ҷинтао - раисиҷумҳури Чин буд, ки имсол ба зинаи 3 рафтааст. Forbes менависад, бо вуҷуди заъфияти сиёсии худ дар марҳалаи кунунӣ Обама раҳбари давлатест, ки дорои қавитарин иқтисод аст, фармондеҳи кулли нерӯест, ки назирашро ҷаҳон надорад ва саранҷом ба таври ғайрирасмӣ раҳбари ҷаҳони озод аст.

Поп Бенедикти 16
Поп Бенедикти 16

Владимир Путин, ки дар зинаи дуввум аст, ҳоло дигар талош дорад, ки бори дигар курсии раёсати ҷумҳуриро аз дастнишондаи худ Дмитрий Медведев бигирад. Худи Медведев дар зинаи 59 ҷой гирифтааст.

Бил Гейтс-ҳамраиси бузургтарин ширкати ҷаҳон Microsoft ва сарватмандтарин марди Амрико дар зинаи панҷум қарор дорад.
Ҷавонтарин шахсе, ки мисли ин 70 нафар қудратманд шинохта шудааст, Марк Зукеберги 27-сола раиси Facebook мебошад. Вай соли гузашта дар зинаи 40 қарор дошт ва имсол якбора 31 зина боло парид ва мақоми 9-умро ишғол кард. Аммо Далай Лама пешвои мазҳабии Тибет 9 зина поин рафт, зеро вай эълон кард, ки баъзе ихтиёроти худро ба ҳукумати дар ғурбатбудаи Тибет месупорад.

Ангела Меркел
Ангела Меркел
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки имсол дар феҳристи 70 шахсияти қудратманди ҷаҳон ду намояндаи олами ҷиноӣ низ дохил шудаанд. Яке аз онҳо Гузман Лоера - миллиардер ва раҳбари эътилофи қочоқчиёни маводи мухаддири Синаола, минтақае дар Мексика, мебошад. Ин шабака дар шимоли Мексика фаъолият мекунад. Шахси дуввум Довуд Иброҳим Каскар аст, ки раҳбарии як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро дар Мумбаи Ҳинд раҳбарӣ мекунад. Шакки он вуҷуд дорад, ки вай ба террористҳо кӯмакҳои пинҳонии молӣ мекунад.

Дар радифи даҳ нафар шахсиятҳои нерӯманди ҷаҳон ҳамчунин Абдулло ибн Абдулазиз - шоҳи Арабистони Саудӣ дар зинаи 6, попи Рум Бенедикти XVI дар зинаи 7, Бен Бернанке - раиси Бонки Марказии Амрико дар зинаи 8, Марк Зукеберг-муассис ва раиси шабакаи иҷтимоии Facebook дар зинаи 9 ва Девид Камерун-нахуствазири Бритониё дар зинаи 10 ҷой гирифтаанд.

Шоҳ Абдулло бин Абдулазиз
Шоҳ Абдулло бин Абдулазиз
XS
SM
MD
LG