Ба гуфтаи масъулини Хадамоти оташнишонии вилоят сӯхтор соати 23-ву 30 дақиқаи шаби 21-уми октябр ба вуқӯъ пайваста, ба маблағи қариб як миллион сомонӣ ба соҳибкорон зиён расонидааст.
Муовини сардори Хадамоти оташнишонии вилоят Анвар Шолангаров гуфт: “Бар асари сӯхтор 4 ошхона, 18 мағоза ва як маркази савдо бо тамоми молу чизе, ки дар дохилашон буд, сӯхта ва аз истифода баромаданд. Оташнишонҳо пас аз 5 дақиқа дар ҷойи ҳодиса ҳозир буданд, лекин алакай се ошхона комилан сӯхта буд. Хушбахтона, касе ҳалок нашудааст ва аз сӯхтор ҷароҳат набардоштааст.”
Муовини сардори Хадамот мегӯяд, азбаски аз як тарафи иншоот рӯди Ғунд убур мекунад, ин ҳолат кори сӯхторнишонҳоро мушкил сохта, боиси хисороти бештаре шудааст.
Ин барои аввалин бор нест, ки дар бозори марказии Хоруғ сӯхтор рух медиҳад. Ду ҳодисаи қаблии сӯхтор низ ба соҳибкорон зарари молии зиёд расонданд. Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти оташнишонии вилоят сабаби вуқӯи сӯхтор ахир маълум нашуда, фарзияҳои расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, муносибати беэҳтиётона нисбат ба асбобҳои барқӣ ва қасдан оташ задан баррасӣ мешаванд.