Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ Тоҷикистонро шарики стратегии Эрон хонд


Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Алии Лориҷонӣ субҳи рӯзи 21-октябр паси дарҳои баста сурат гирифт.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, дар суҳбатҳои баъдии худ, аз ҷумла дар мулоқоташ бо кормандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон таъкид кард, ки шароити ҳассоси минтақа водор мекунад, то Эрон бо Тоҷикистон ҳамкориҳои стратегии худро дар ҳамаи бахшҳо пеш барад.

Ӯ афзуд: "Медонед, бо таваҷҷӯҳ ба шароити ҳассосе, ки ҳоло дар минтақа ҳаст, бояд Эрону Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф ҳамкории наздик дошта бошанд. Дар равобити иқтисодӣ намешавад гуфт, ки ҳамаи имконот истифода шудааст, вале ин равобит рӯ ба пеш дорад ва талош мешавад, ки аз заминаҳо ба таври комил истифода шавад ва натиҷааш ба нафъи Эрон ва ҳам ба нафъи Тоҷикистон бошад."

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон
Ба иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидори худ бо Лориҷонӣ аз ҳамкории ду кишвар, ба хусус дар бахши иқтисод изҳори қаноатмандӣ кардааст. Вай аз ҷумла аз фаъол шудани турбинаи нахустини нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар ҷануби Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки Эрон сохтмони нерӯгоҳҳои дигар дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ намуда, дар сохтмони онҳо ширкати муассир хоҳад дошт.

Аммо аз эълони расмии фаъоли шудани чархаи аввали "Сангтӯда-2" беш аз як моҳ мегузарад, вале ба қавли мутахассисони ин сохтмон, ҳанӯз ҷамъу басти ин трубина ба охир нарасидаву ҳанӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст.

Тарҳи муҳими дигаре, ки Эрон дар Тоҷикистон анҷом дод ва ҳанӯз 6 сол қабл аз баҳрабардории он иттилоъ дода шуда буд, он ҳам туннел ё нақби 5- километраи "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб мебошад, ки пурра мавриди истифода қарор дода нашудааст. Бар асари рутубат, резиши об аз боми ин туннел ва тирагии том, ҳаракат ва рафтуомадро мушкилзо кардааст.

Иқтисоддонҳои тоҷик бо такя ба омори Вазорати иқтисоду рушди саноати Тоҷикистон, мегӯянд, гардиши молу коло миёни Эрону Тоҷикистон ҳамагӣ 336 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон ин рақам камтар аст.

Давлат Усмон
Давлат Усмон
Давлат Усмон, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, Тоҷикистон метавонад на танҳо Эрон, балки кишварҳои доротари дигарро ҳам ҷалб кунад, зеро қонунҳо ҳамаи шароитро барои сармоягузории хориҷӣ фароҳам овардаанд, аммо фарҳанги ҷалби самоягузорӣ дар ин кишвар бисёр нуқс дорад: "Албатта, Эрон имконоти бештар дорад ва Тоҷикистон танҳо саҳнаи ҳузури бозаргонони Эрон нест. Имрӯз ҳар кишвари ҷаҳон метавонад дар Тоҷикистон дар иҷрои барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон ширкат кунад. Қонунҳо барои ҳамкорӣ дуруст карда шудаанд, вале мушкил дар худи мост. Фарҳанги ҷалби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бисёр хароб аст ва тайи ин чанд сол натавонистем сармоягузорони хориҷиро ба таври бояду шояд ҷалб кунем."

Дар суҳбатҳои Алии Лориҷонӣ бо намояндагони мақомоти Тоҷикистон ишораҳои бештар дар мавриди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши иқтисодӣ мерафт. Ва сафари дурӯза ҳам бо имзои як Ёддошти тафоҳуми порлумонӣ ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG