Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр


Насим, як аробакаши бозори Душанбе аст, ки зиндагии фақирона дорад ва рӯзона то 10 доллар барои таъмини оилааш ба даст меорад.

Насим мегӯяд: «Пеш ҳам аробакаш будам. Ҳозир ҳам аробакашам. Як бало карда рӯз гузаронда гаштам. Ҳама чира харида наметавонам. Шукри Худо, ки гурусна ҳам намондам. Дар як рӯз қариб даҳ-бист сӯм харҷ мекунам. Боз рӯзҳое мешавад, ки пасандозҳоямро ҳам харҷ мекунам.»

Насим яке аз онҳоест, ки тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ фақир ҳисоб мешавад ва ба қавли мақомоти Тоҷикистон, теъдоди ин қабил мардум ба 44 дарсад поён омадааст.

МАҚОМОТ: "МИЗОНИ ФАҚР КОҲИШ ЁФТААСТ"

Баҳодур Эшбоев, сарвари Раёсати мониторинги барномаҳои рушди миллии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин коҳиш дар пайи барномаҳои мубориза бо фақри ҳукумат ба даст омадааст. Вай афзуд: "Дар Стратегияи миллӣ, дар дувоздаҳ бахш таҳлили вазъ мавҷуд аст. Ҳама самтҳо муайян шудаанд. Аз ҷумла макроэкономика, тандурустӣ, маориф, амнияти озуқаворӣ, энергетика, нақлиёт, хуллас, ҳама самтҳо муайян шудаанд."

Ҳукумати Тоҷикистон коҳиши фақрро комёбии аслии хеш мешуморад. Ибтидои солҳои 2000-ум тибқи иттилоъи расмӣ, 83% дарсади мардуми кишвар фақир маҳсуб мешуданд. Соли 2002 Тоҷикистон бо кӯмаки Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ, аввалин Стратегияи мубориза бо фақрро рӯи кор овард, ки ҳадафаш боло бурдани даромадҳои мардум буд. Меъёри аслии ин стратегия, коҳиш додани теъдоди мардуми фақир, аз ҷумла тариқи поён овардани маргумири кӯдакон ва модарон, коҳиши бекорӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва фарогирӣ бо маълумоти ибтидоӣ андоза мешуд.

Соли 2006 ҳукумат эълон дошт, ки фақр дар кишвар ба 57 дарсад поён омад, аммо дар чаҳорчӯбаи Стратегияи рушди то соли 2015, коҳиши фақр то 32 дарсад дар назар дошта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 45 дарсадро ташкил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, мубориза бо фақр сармоягузориҳои бузург ба иқтисоди кишварро тақозо мекунанд. Дар гузашта Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон дошта буд, ки барои амалӣ шудани барномаи коҳиши фақр дар кишвар, то соли 2015 сездаҳ миллиард доллар сармоя зарур аст. Аммо ба қавли коршиносон, нисфи ин сармоя то ба ҳол ворид нашудааст ва дар оянда ҳам шояд ворид нашавад. Аз ин хотир ҳарфҳо дар бораи коҳиши фақр фақат рӯи коғаз ва дур аз воқеиятанд.

ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН-МАДЮНИ МУҲОҶИРОНИ КОРӢ

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, ба тахмини ӯ, ҳанӯз 70 дарсади мардуми Тоҷикистон дар фақр ба сар мебаранд ва то дараҷае коҳиш ёфтани нодорӣ дар кишвар хизмати ҳудуди якуним миллион муҳоҷири корист, на ҳукумат: «Кас ангушти ҳайрат мегазад, ки дигар мардум нерӯи сари чанбари мошинҳои худ нишастанро надоранд. Таруфаҳои боркашонӣ дар дохили кишвар боло рафтааст. Қимати маводи аввалияи ғизо бамаротиб боло рафтааст. Картошкаву себро ҳатто аз Покистону Чин меорем. Сатҳи таваррум баланд шудааст. Ин ҳама ба кисаи мардум рабт мегирад. Аммо дар бораи аз фалон рақам ба фалон рақам коҳиш ёфтани нархҳо мегӯянд. Чӣ тавр фақр коҳиш меёбад, вақте нархҳо рӯз ба рӯз боло мераванд.»

Аммо Баҳодур Эшбоев аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба ҷудо кардани маболиғи муҳоҷирин аз иқтисоди Тоҷикистон мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, муҳоҷирин расман ба Русия мераванд ва соҳибкор маҳсуб мешаванд.

ВАҚТЕ, КИ ВОРИДОТ АЗ СОДИРОТ БЕШТАР АСТ...

Ба омори расмии афзоиши фақр дар Тоҷикистон, коршиносон бартарии воридот бар содирот дар кишварро мисол меоранд. Ба гунаи мисол, тибқи иттилои расмӣ, тайи нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми содирот ҳудуди 950 миллион ва воридот 2 миллиарду 320 миллион долларро ташкил додааст. Коршиносон мегӯянд, агар мардум дар иқтисод фаъол бошанд ва содирот бештар аз воридот бошад, он замон дар бораи коҳиши фақр сӯҳбат кардан мумкин аст.

Муҳаммадмӯъмин Тағоев, устоди иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, қудратмандии як кишвар аз он аст, ки то куҷо истеҳсолкунанда аст: «Ҳар қадар, ки содирот афзун шавад, ин ба вазъи некӯаҳволии мардум ва дар кулл сатҳи иқтисоди кишвар таъсири мусбати худро мерасонад. Зеро бо содир кардани мол ва хизматҳо, мо имкон пайдо мекунем, ки асъори хориҷиро бештар ба кишвар ворид кунем. Бештар ворид шудани асъори хориҷӣ ба қурби пули миллӣ низ таъсири мусбат мерасонад.»

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои атроф маводи нафтӣ ва газ надорад ва тайи 4 соли ахир ба далели бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ қимати пахта ва алюминиюм- ду моли асосии истеҳсолии кишвар устувор набуд. Ҳамчунин захираҳои нафту газ надорад, ки сармояи хориҷиро ҷалб кунад ва тарҳҳои энержиаш ҳам ба кундӣ пеш мераванд. Далели дигари шубҳаангез будани коҳиши фақр дар кишвар, қарзи бузурги хориҷии он аст, ки даромадҳои буҷаро «мехӯрад».

Ба қавли коршиносон, Тоҷикистон дар қиёс бо солҳои 90-ум гоми бузурге ба сӯи раҳоӣ аз фақр бардоштааст, аммо вазъи имрӯза гомҳои дигар, аз ҷумла афзудани истеҳсолоти дохилӣ ва ҷалби бештари мардум ба иқтисодро тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG