Аммо созмонҳои байналмилӣ мегӯянд, ки рози ин мушкилот дар фарҳанги хонаводагии тоҷикон нуҳуфтааст, ки таҳсилро барои духтарон муҳим намедонанд ва илова бар ин фақру нодори ҳам таъсири худро гузоштааст.
Оё воқеан имрӯз тарбияи хонаводаҳо дар нисбати духтарон зери хурофот қарор гирифтааст, ё «фарҳанги тоҷикӣ» ин аст ва тарбияи духтарон ва таҳсили онҳо ҳам дар зери таъсири фақру нодорӣ ва низоми маориф, ба ҳол дучор шудааст ва роҳи ҳали мушкил дар чӣ аст?
Барои равшанӣ андохтан ба вазъи мавҷуда, омилҳо ва паёмадҳо ва роҳи ҳалли он, бо иштироки омӯзгорон, намояндагони вазорати маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ, модарон ва хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ мизи гирд доир гардид.
Камол Файзуллоев, корманди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро, ки сабаби аслии дур шудани духтарон аз мактаб ин хурофот аст, таъйид менамояд: «Имрӯз нисбати солҳои пеш миқдори ками духтарон аз таҳсил дур мондаанд. Ҳоло аксарияти духтарон ба мактаб ҷалб гаштаанд. Сабабҳои аз мактаб дур мондани духтарон бисёр аст, аз ҷумла хурофотпарастӣ, камбизоатӣ, вале сабаби аз ҳама муҳимаш хурофотпарастӣ аст».
Аммо Бибисоро Кабирова, муовини раиси бахши ҷавонони ҲНИТ мегӯяд, ҳоло вақти он расидааст, ки хурофотро, ки аксарият бо шунидани он исломро зери назар меоваранд, аз исломи ноб, ки ҳама пайравони худро ба андӯхтани дониш ташвиқ мекунад, ҷудо намоем: «Барои ман тассуфовар аст, ки сабаби аслии ҷалб нашудани духтаронро Вазири маориф аз хурофотпарастии мардум медонад. Афсӯс мехӯрам, ки дар бист сол мо хурофотро аз Исломи ноб ҷудо карда натавонистем. Албатта, хурофот ҳам ҷой дорад, вале мо бояд, хурофотро аз Ислом ҷудо кунем. Бисёриҳо хурофотро аз Ислом медонанд. Вале Ислом ин тавр нест ва ҳатто паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с.а.с) гуфтаанд, ки «талаби илм ба ҳар зану марди мусулмон фарз аст», яъне бубинед ҷудо накарданд, фарқ нагузоштанд байни зану мард, балки илмро барои зану мард фарз гуфтанд».
Саида Мирзоалиева, як омӯзгор мегӯяд: «Дар панҷ соле, ки кор мекунам шоҳиди он шудам, ки бисёре аз духтарон таҳсил намекарданд. Чун, ки волидайни онҳо бар зидди идомаи таҳсили онҳо буданд. Вале, пас аз оне, ки Вазорати маориф қонун бароварда, таҳсили ҳамаро ҳатмӣ эълон карда, аксарияти духтарон ба мактаб баргаштанд. Хонандаҳое низ ҳам ҳастанд, ки худашон кӯшиши таҳсил кардан намекунанд, вале ҳоло ҳамаи онҳо маҷбуран омада дарс мехонанд.»
Ба назари Шукрона, хонандаи синфи нуҳуми яке аз мактабҳои Душанбе, на ҳама духтарони мактабхон барои таҳсил меоянд, балки барои худнамоишдиҳӣ низ меоянд: «Духтароне ҳастанд, ки мактаб меоянду вале намехонанд. Танҳо барои худнамоишӣ меоянд ба мактаб. Вале, боз ҳастанд духтароне, ки кӯшиш мекунанд бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд. Ба андешаи ман бояд ҳамаи духтарон бояд таҳсил кунанд, чунки дар тарбияи фарзанд онҳо саҳми бузург доранд.»
Эраҷ Амонов, журналисти тоҷик иллати ба мактаб нарафтани духтаронро ба мушкилоти иҷтимоӣ рабт медиҳад: «Кадом падару модар намехоҳад, ки фарзандаш маълумотнок бошад. Ман худам писари кӯҳистонам. Ду хоҳар дорам якеш то синфи 11 таҳсил кард, дигарӣ то синфи 9. Чунки вазъияти иқтисодӣ имконият надод. Дар мактаб ҳар рӯз пул бисёр мегӯянд, барои ҳезум, барои таъмири мактаб. Ин оддитарин чиз аст, ки давлат бояд мактабро таъмин кунад. Дар деҳаи Фанфароғи ноҳияи Варзоб будам. Деворҳои мактабро даст расони меларзанд. Дар мактаб мизу курсӣ нест. Дар ноҳияи Файзобод бошад шоҳиди он шудам, ки байни синфхонаҳо бо "кардон" ҷудо карда шудааст. Як муаллим мегӯяд, ки ист ман ба бачаҳо мавзӯъро фаҳмонам, баъд муаллими дигар дарсро оғоз мекунад. Чунки садо аз он ҷо мегузарад. Дар ин гуна шароит чӣ гуна таҳсил мешавад ва чигуна духтарҳо рафта таҳсил мекунанд.»
Исомиддин Шарифов, устоди Донишгоҳ: «Дуруст аст ва мо даъвои онро надорем, ки хурофот тавъам бо ислом аст. Имрӯз ҳеҷ кас даъвои онро надорад, ки дин доштану мазҳаб доштану имом доштану эътиқод доштанро сарфи назар дошта бошад. Масъала ин аст, ки мо арзишҳои исломиро мо дар ҳалқаҳои бениҳоят маҳдуд, ақибмонда ва танг қабул мекунем. Бигзор масҷид раванду намоз хонанд, Қуръон хонанд, ин мушкил нест, аммо тангназар набошанд.»
Бибисоро Кабирова: «Ман тарафдори ҳамин сухани устод ҳастам, ки мегӯянд, духтарон ноогоҳанд, зеро мегӯянд, ҳар кӣ огоҳтар аст, ҷонсӯзтар аст. Ҳар, ки огоҳ шуд, худаш дар ҷустуҷӯи илму маърифат ва ҳақиқат мешавад. Боз ҳам меоем, сари тарбияи оила ва ангеза. Инсони комил дар он вақт мешавӣ, ки аз илми дину дунё бохабар бошад, зеро мо вақте таваллуд мешавем, яку якбора ба қиёмат намеравем. Мо ба ҳамин дунё қадам зада меравем то ба қиёмат. Барои ҳамин ман дигар намехоҳам аз хурофот гап занам, зеро хурофот на хоси илми ислом аст, на хоси илми дунё.»
Саида Мирзоалиева: «Сабабҳои дур шудани духтарон аз мактаб дар тарбия ва масъулияти падару модар аст. Зеро соли гузашта як хонандаи ман як ҳафта ба дарс меомад, аммо як ҳафтаи дигар намеомад. Барои ин қазияро фаҳмидан ман ба хонаашон рафтам. Баъд фаҳмидам, ки модараш ӯро ба дарс омаданӣ намемондааст. Модараш, ки дар бозор савдо мекард, ба ман гуфт, ман савдо мекунам, бояд ӯ дар хона бошад. Вақте бори дигар ба модараш сӯҳбат кардам, вай ба корҳои бад дода шудааст ва духтараш дар хонаи тағояш аст. Он духтарак бисёр дониши хуб дошт, вале пас аз хатми синфи 9-ум дигар ба мактаб наомад ва ҳозир дигар намедонам дар куҷо ҳаст».
СӮҲБАТИ КОМИЛИ МИЗИ ГИРДРО ИНҶО БИШНАВЕД: