Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Миров: "Чӣ бадӣ дорад дуо кардан аз саҳнаи театр?"


Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи наверо бо номи «Поёни шаби сияҳ сафед аст» ба саҳна гузоштааст.

Ин намоишномаи мусиқиро коргардони шинохтаи тоҷик Мирзоватан Миров бо истифода аз оҳангҳои дар солҳои мухталиф иҷрокардаи ҳунарманди хушсалиқа Ҳотами Равшан таҳия кардааст. Хати сюжаи ин асари нави саҳнавӣ аз мавзӯи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар омехтагӣ бо тобишҳои ирфониву маънавӣ иборат аст. Аз рӯзи ба намоиш даромадани ин асари мусиқӣ-драммавӣ, ки ҳафтаи гузашта барпо гашта буд, то имрӯз дар атрофи он баҳсу баррасиҳо идома доранд. Оё сари кадом нуктаҳои ин асар бештар баҳсҳо сурат гирифтаанд ва кадоме аз ин эродҳо ва маслиҳатҳо корсоз буданду кадом не? Бо ин ва чанд суоли дигар дар пойи суҳбати Мирзоватан Миров, коргардони ин намоишномаи пурсарусадо ва ба навбаи худ пурмуҳтаво ва бо диду надешаи тоза рӯи саҳна омада нишастем.

Озодӣ: Бигӯед, ки идеяи ба саҳна гузоштани инчунин як асари бадеӣ аз куҷо сар зад. Шумо зарурати ингуна асари саҳнавиро барои ҷомеъаи кунунии Тоҷикистон то куҷо эҳсос мекунед?

Миров: Идеяи он, ки чунин як асари саҳнавии мусиқӣ офарида шавад, аз рӯи эҷодиёти овозхон Ҳотами Равша шурӯъ шуд. Дигар ин, ки мардум спектаклҳои мусиқиро дӯст медоранд. Боз дигар ин, ки Ҳотам худ як марди покизаву орифу сӯфимаоб аст, дар гирди ҳамон сурудҳое, ки дар солҳои гуногун сохтааст, дар мавзӯи ахлоқу одоб, одаму адамгарӣ аз Мавлонои Рум, аз Саъдӣ, аз Соиб, аз Ҳиҷозӣ ва аз дигарон мо дар атрофи онҳо кор кардем ва ин асари мусиқиро таҳия кардем. Баъдан андешае пайдо шуд, ки масъалаи одобу ахлоқ бисёр як масъалаи доғи рӯз аст. На танҳо дар ҷомеи Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳон, дар
Мирзоватан Миров
Мирзоватан Миров
сатҳи сиёсатмадорон ахлоқ гуфтан мукин аст, ки бисёр коҳидааст. Дар ҷомеаи Тоҷикистон бошад мову шумо дар ҳар сари қадам бо бемаърифатӣ дучор мешавем. Аз дуруғ гуфтан, дуздӣ кардан то дағалӣ кардан, то хиёнат кардан. Хиёнат ҳам ба оила, наздикон, дӯстон ва низ хиёнат ба Ватан. Вақте, ки чуқуртар андеша мекунӣ, касро даҳшат фаро мегирад. Даҳшате, ки ман чӣ тавр дар чунин ҷомеъае зиндагӣ дорам, ки ҳарфи рост намешунавам, андешаи рост намебинам. Дуруғ фиреб, хиёнат ба амонат ва дигару дигарҳо.

Озодӣ: Бештар аз фармудаҳои кадом бузургони олами маънӣ истифода кардед дар баробари суруду оҳангҳои Ҳотами Равшан?

Миров: Мо аз китобҳои зиёди адибон, нависандагони гузаштаву муосир гулчин кардем. Албатта бештар аз классикон гирифтем, ки хеле баланду олӣ дар мавзӯи ахлоқу адаб ва маънавиёт гуфтаанд. Танҳо ҳамон сухани Афлотун кифоя аст, ки мегӯяд: «Ҷомеае, ки дучори фассоди ахлоқӣ шуд, вайро ҷур кардан, соз кардан бисёр мушкил аст». Дар ин асар мавзӯи меҳварӣ ҳам ҳамин аст. Ин ҷо сухан дар бораи тафохур, фахр кардан аз давлату молу сарват ва ҳатто илм мервад, ки хеле масъалаи актуалӣ аст.
Масалан ҳамин хел эрод гирифтанд ки як хати муайяни сюжет надорад спектакл. Охир худи масъалаи ахлоқ чанд паҳлӯ дорад ва хеле маънои фарох дорад. Мо кӯшиш кардем ба бисёр паҳлӯи он дахл кунем. Ва хати асосии сюжети асар ҳамин масъалаи ахлоқу одоби инсонӣ аст.

Муаррифии намоишномаи "Поёни шаби сиёҳ..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Озодӣ: Аз ҳама он машварату баҳсҳо, ягонтои онҳо ба фоидаи кор ё чуноне мегӯянд, корсоз буданд ё хайр?

Миров: Албатта, масалан як эроди хуб гирифтанд, ки сатҳи матни насрӣ аз сатҳи матни назмӣ баландтар аст. Ин дуруст аст, ман бо ин эрод розиам. Воқеан бояд сатҳи матни ҳам насрӣ ва ҳам назмӣ, ҳарду бояд дар сатҳи баланд бошад. Баъдан ба мо чанд эродҳое гирифта шуд, мо онҳоро аз баҳрашон баромадем ва матнҳои боз ҳам балантар дар сари маънии ватандориву худшиносӣ ёфта гузоштем, ки хеле хуб баромад.

Озодӣ: Кадом эродҳое аз ҷониби мақомот ва ё мунаққидон буд, ки шумо норозӣ бошед ба онҳо ва афсӯс хӯрда бошед ва гуфта бошед, ки на, аз баҳри ин маъниҳо ё ин нукот набояд баромад?

Миров: Дар охири спектакл як шеъри Назри Яздон бо номи «Дуои модар» садо медиҳад. Ки дар он дуо аст, муноҷот аст, ки ба хонаи бефарзанд фарзанд ато кунад, пурфайзу обод бошад хонадонамон сулҳу оромиш бошад, баракат бошад ва ҳеҷ гоҳ одам дар рӯи олам рӯзи бадро набинад, омин, Рабил оламин! Ва хор ҳамроҳ мешавад. Дуо аст ин охир. Ба ҳамин сахт эрод гирифтанд ва гуфтанд, ки тамоман инро аз байн бардоред. Мо инро бардоштем ва ман аз ҳамин бисёр афсӯс мехӯрам, ки хеле нуктаи омӯзанда ва муҳим буд. Баъд ман камтар дағалтар ҳам шавад, аз як намоянда пурсидам, ки пас аз шумо бояд пурсем ва дуо кунем, ки ин ноҷӯриҳоро аз ҷомеъи мо дур кунад? Шумо метавонед ин дуоро мустаҷоб кунед? Фақат Худо метавонад, ки хостаҳои моро иҷро кунад. Дунёро тавонист офарад, магар дуои моро наметавонад мустаҷоб кунад? Чӣ бадӣ дорад дуо кардан аз саҳнаи театри як кишваре, ки аз 90 фоиз зиёдаш мусалмон аст? Давраи шӯравӣ буду бехудоиҳо ва мо 70 сол чашидем заҳри онрову ба ҷое нарасидем. Ҳадафи намоишномаи мо ҳамин аст, ки каме ҳам бошад покизатару беҳтар шавад ҷомеъаи мо.

Озодӣ: Решаи чунин эродҳову хӯрдагириҳо бешак аз ҳамон даврони шӯравӣ маншаъ гирифтааст, ки дар он замона мондаву ба замони мо ҳам гузаштааст, на?

Миров: Бале, дуруст аст. Ҳадафи ин аст, ки мо мардум руй ба китоб биёрем.

Соиб маталаб руйи дил аз кас, ки дар ин аҳд,
Рӯе, ки нагардад зи касе рӯи китоб аст.

Ва ҳазрати Соиб ҳам ҳамон китоби муқаддасро дар назар доранд. Ва раҳнамои мо ҳамон китоб аст. Баъзе идеологҳои мо имрӯз рости гап ба бисёр хатогиҳои дағал роҳ медиҳанд. Масалан мо эҷодкорон баъзан намедонем, ки ба кадом меъёр рӯ биёрем ва мардумро аз қафои худ куҷо барем. Ба худодорӣ ва ё ба бехудоӣ? Намешавад дар бехудоӣ. 70 сол зистем, дидем натиҷаашро. Ҳамин дағалӣ, ҳамин ноҷуриҳо ҳамааш боқимондаи ҳамон давра аст охир.

Озодӣ: Вақте ин маъниҳои баланди ирфониро руйи саҳна меовардед, худатон ҳис мекардед, ки барои маҳз ҳамин маъниҳо намоишномаи шумо дучори қайчии мақомот мегарад?

Миров: Бале, ҳатто ҳамкорон, ҳунармандони ҷавон эҳсоси тарс мекарданд, ки шояд ин маъниро роҳ надиҳанд, бибуранд. Вале ман гузоштам онҳоро. Бисёре аз соҳибмаърифатҳову рӯшанфикрон моро табрик гуфтанд ва баён карданд, ки ҷойи чунин як асар саҳнавӣ дар драматургияи муосири тоҷик холӣ буд. Онҳо ҳамфикранд бо мо. Вале ҳанӯз носуфтагиҳо аз ҷиҳати бозӣ ва пластика бисёр дорад спектакл. Ман як гурӯҳи ҷавононро аз донишгоҳи санъат, ки нав ду моҳ аст, ки хатм карданд донишгоҳро ба ин намоишнома даъват кардам. Дар саҳна будану
Бинои Театри ҷавонон
Бинои Театри ҷавонон
кор карданро ёд додам. Бубинед, ки ин ҷавонҳо чандин мисраҳои байту ғазалҳоро аз бузургон аз ёд карданд. Ин бад аст магар? Боз эроди дагари гирифтагиашон ин буд, ки сурудхонии Ҳотами Равшан спектаклро ба дарозо бурдааст. Охир чаро ҳамон суруди «Адаб аст»-ро дар телевизион мехонанд, шишта гӯш мекунему дар саҳнаи театр не? Ин чандон эроди дуруст набуд ба назари ман. Ё ин, ки вақте салларо ҷавонон ба сар гузошта дар гирди Каъба чарх мезананд, Ҳотам мехонад, ки: На ҳамин либоси зебост нишони одамият. Яъне риши дароз мондану Каъбаро зиёрат кардан нишони одамият нест. Одамият ба покиву бофарҳангӣ ва парҳезкориву меҳрубон будан бо дигарон аст.

Озодӣ: Дар ин асари саҳнавӣ бештар шумо аз "Шоҳнома"-и безаволи Пири Тусӣ истифода кардед, ба чӣ хотир буд ин?

Миров: Бале, мо бештар ба "Шоҳнома" рӯ овардем. Байтҳои хеле баландро гирифтем дар боби худшиносӣ ва огоҳии миллӣ ва низ ватандорӣ. Вақте мо сари маъниҳои баланди ахлоқиву худшиносӣ баҳс мекунем ба гуфтаи устод Лоиқ, ки худи ман чӣ коре карда тавонистам барои беҳтар будани ҷомеъа. Ин маъниҳо ҳанӯз дар солҳои 90-92 асри гузашта гуфта шудаанд, ки агар мо худро нашиносем, душмани худро нашиносем, миллат шуда наметавонем. Ва гуфтем, ки душман бисёр маккор аст. Аз шарри вай набояд ғофил буд. Мо як бор ғофил шудем. Агар Рустам як Сӯҳробро кушта бошад, мо хестему садҳо ҳазор Сӯробҳои худро куштем. Бояд ҳушёр буд. Барои ҳамин ҳам гуфтем: «Масту маланг нашав, даббаву данг нашав, аз пайи май нарав, ҳушёр бош, иттифоқ бошед бо ҳам.»

Озодӣ: Оқои Мирзоватан, ба таъбири мардумӣ, гӯши мо бод ёфт, ки шумо яксола сафари Афғонистони ҳамсояро доред. Яъне,

Сухандониву хушхонӣ намеварзанд, дар Шероз,
Биё Ҳофиз,ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Миров: Не. (хандина) чандон чунин нест. Ман, ки борҳо сафари Афғонистон ва ҳамкориҳоро бо ин мардуми хуб доштам, яксола шартнома бастаам ва даъват карданд, ки рафта ҳамкорӣ кунам. Чунки вазъи театрҳои Афғонистон хеле ногувор аст. Кӯмаки мо ҳамватанон ва ҳамзабонон лозим аст барои онҳо. Афғонистон як пораи аслии сарзамини ман аст. Барои ҳамиин бароям фарқ намекунад чандон дар онҷо бошам ё дар ин ҷо.

Озодӣ: Вале ба ҳар ҳол пӯшида нест, ки баъд аз сари устод Раббонӣ чуноне аҳли назар мегӯянд, тоҷикон дар Афғонистон пуштупаноҳ ва ё
Лаҳзае аз намоишнома
Лаҳзае аз намоишнома
муттакои дигар надоранд. Шумо чӣ назар доред дар ин бора? Оё бо чунин диду назари тозаву дигарндешона метавонед дар Афғонистони ҷангзада бе монеъа кору эҷод куннд?

Миров: Медонед, як шеър аст, ки: Ризқ агар ногумон бирасад, Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо, дар мисраи дигар ин маъно омдааст, ки марг агар азалӣ аст, набояд одам биравад ба даҳони аждаҳо.
Бале, ин ҳам ҳаст. Лекин намедонам дилам рӯшан аст. Чунки чуноне гуфтам чандин бор рафтаам ба Афғонистон. Як чизро бояд бигӯям, ки бо ҳама он мушкилоти печидаву ҷанзадагӣ, маърифату фарҳанги он мардум воло аст. Коре ба эҷодкору аҳли илм надоранд. Хеле эҳтиром мекунанд аҳли эҷодро. Ҳатто полисшон аз полиси мо баодобтару меҳрубонтару боидроктар аст. Мардумашон ҳамашон мардуми моро хеле дӯст медоранд, президенти моро хеле дӯст медоранд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ба қадри фазлу ҳунар мерасанд.

Озодӣ: Намоишномаи нави шумо «Поёни шаби сиёҳ сафед аст», кай ба намоиш медарояд?

Миров: Албатта чуноне зикр кардем, бо истифода аз машваратҳову эродҳо, мо онро бо матнҳои боз ҳам қавитар пурратар кардем ва худо хоҳад писанди тамошобин мегардад ва насиб бошад рӯзи 12-уми октябр дар Театри ҷавонон намоиш дода мешавад.
XS
SM
MD
LG