Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба пирӣ хидмати модар, падар кун...


Рӯзи байнулмилалии афроди солманд, ки 1 октябр дар саросари дунё таҷлил мешавад, дар асл баҳонаи дигарест барои таваҷҷӯҳ ба зиндагӣ ва вазъу шароити онҳое, ки як умр ба дигарон хидмат кардаву имрӯз худ мӯҳтоҷи кӯмаки дигаронанд.

Дар Тоҷикистон, ки нафақаи мардуми бознишаста хеле ночиз аст, суннатан мӯътамадтарин манбаи таъмини зиндагии ин қишри аҳолӣ фарзандони онҳост.
Бисёр афсӯс, ки ҷавонони мо
тарбияи хуб надоранд. Оилаву мактаб
ҳам мисли солҳои пеш дар фикри
тарбияи фарзандон нест...

Абдураҳмон Ғуфронови 78-сола, ки дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба сар мебарад, панҷ фарзанду тақрибан 30 набера ва абера дорад. Чанд соли пеш ҳамсарашро ба хок супурдаву ҳамроҳи писаронаш дар як манзили сеҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, беш аз 40 сол рӯзиашро аз ҳисоби гулпарварӣ дар бахши ободонии ҳукумати пойтахт пайдо кардааст. Дастранҷи ӯ садбаргу бобунаву мехчагул ва садҳо навъ гули дигарест, ки солҳои сол кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро зебу зиннат бахшидаанд.

"Чанд навъи гулҳоро парвариш кардаам ва дар кӯчаҳои шаҳрамон шинондаам. Ҳоло ҳам аз кӯчаҳо гузарам, ба гулгаштҳои шаҳрамон нигоҳ мекунам, ки хеле зебову обод шудаанд. Раҳбарони онвақта ва ҷавонон қадри меҳнати моро медонистанд. Ҳеҷ вақт гулҳоро поймол карда намегузаштанд. Бояд ҷавонони имрӯза ҳам ботарбия бошанд",-илова кард ӯ.

Бархе аз бознишастагон дар манотиқи Тоҷикистон аз дер дастрас шудани ҳаққи бознишастагии худ шикоят мекунанд...
Абдураҳмон Ғуфронов давраи наврасиашро, ки ба солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, даврони қаҳтиву гуруснагиҳо рост омадаст, бе ашки гулӯгир ба ёд оварда натавонист. Ӯ он рӯзҳои сангинро, ки ба гуфтаи худаш мисли нақше дар санг дар ёду хотироташ нақш бастаанд, чунин ёдоварӣ кард: "Солҳои ҷанг мо 14-15 сола будем. Он вақт Душанбеву Тошканд мисли "госпитал" шуда буд. Аз ҷанг сарбозонро баъзан бо як по ё бо як даст меоварданд. Мо писарбачаҳо рафта кӯмак мекардем. Бо шиками гурусна мегаштем. Мо медонистем, ки ватани мо ба мо барин писарон ниёз дорад. Барои ҳамин шабу рӯз дар қатори бузургсолон кор мекардем. Пои луч дар зимистон мактаб мерафтем, маризонро нигоҳбонӣ мекардем."

Бобои Абдураҳмон мегӯяд, устухонаш, ки ба қавле бо кор сахт шудааст, намехоҳад дар кунҷе нишинаду бори гарон бар дӯши наздикон бишавад. Ҳоло ҳам агар мадори дасту бозу ва тани сиҳат созгор бошад, каландашро гирифта, дар як порча замини назди бинои зисташ кор карданро беҳтар мешуморад. Вай дар бораи маъниҳое чун меҳнати ҳалол, одоби накӯ ва ҷавонмардӣ сухан гуфта бо таассуф сар меҷунбонад: "Бисёр афсӯс, ки ҷавонони мо тарбияи хуб надоранд. Оилаву мактаб ҳам мисли солҳои пеш дар фикри тарбияи фарзандон нест. Дар даврони ҷавонии мо ягон ҳақорату лаънат ва ё беодобӣ аз ҷониби ҷавонон дар кӯча, мактаб, автобус шунида намешуд."

Ин сокини бознишастаи Тоҷикистон мегӯяд, ӯ, ки чанд ҷангро дидаву шоҳиди нооромиҳои солҳои аввали навад низ будааст, маънии сулҳу оштӣ ва оромиву суботро беҳтар медонад. Вай аз сулҳу оштӣ ва истиқлолият дар кишвар шукргузорӣ мекунад ва мегӯяд, "Худоё, ашки тифлону занон дар Ироқу Афғонистонро ба касе нишон надиҳад."

Абдураҳмон Ғуфронов мегӯяд, дар як моҳ ҳудуди 300 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва барои он ки ба фарзандонаш мушкил нашавад, маблағи барқу обро пардохт мекунад. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои мақомоти расмӣ феълан дар Тоҷикистон 561 ҳазор афроди солманд зиндагӣ мекунанд, ки нафақаи миёнаи онҳо 150 сомонӣ, яъне камтар аз 30 доллари амрикоӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG