Ҳукумати Кӯлоб тасмим гирифтааст, манзилҳоеро, ки дар ду тарафи соҳили рӯдхонаи Тебалай ҷойгиранд, тахриб кунад. Ба қавли мақомоти давлатӣ, хонаҳое бояд тахриб шаванд, ки дар масофаи сӣ метр наздик
ба соҳил
бунёд шудаанд ва хатари дубора осеб дидани онҳо аз сел вуҷуд дорад.
Манзилҳое, ки қарор аст, тахриб шаванд, дар обхезии шаби 7-уми майи соли 2010 қисман хароб шуда, вале дубора аз тарафи сокинон барқарор шудаанд. Ва ин аст, ки қарори ҳукумати Кӯлоб боиси эътирози беш аз 30 сокини ин маҳалла гаштааст.
Сокинон мегӯянд, ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф сохтани хатари офати табиӣ дар болои шаҳр тасмими бунёди обанбори бузургро гирифтааст, ки ин хатари обхезиро аз миён мебарад. Дар ин сурат, ба гуфтаи онҳо, тахриби манозили онҳо ба манфиати на ҳукумат ва на сокинон аст.
Беҳрӯз Каримов, як сокини ин маҳалла, мегӯяд, барои онҳое, ки аз селхезии соли гузашта дар Кӯлоб зарар дида буданд, ҳукумат замин барои бунёди манзил додааст, аммо барои онҳо чунин имтиёзро раво надида ва мехоҳанд, охирин сарпаноҳашонро низ аз онҳо бигиранд.
Ӯ афзуд: "Агар хонаҳоро тахриб кунанд, намедонем, куҷо ба равем. Ҳозир ман худам иҷоранишин ҳастам. Агар хонаро чаппа кунанд, бо ин кӯдакон намедонам, дар куҷо зиндагӣ хоҳем кард."
Мавзунбӣ Аҳророва, як сокини дигари маҳаллаи наздик ба соҳили Тебалай мегӯяд, онҳо шаш хонаводаанд ва ҳукумат барояшон ҳамчун зарардида як хона додааст ва мехоҳад, ин хонаи дуввумашонро хароб бикунад. Вай афзуд, "ҳамаи аҳли хонаводаи мо дар ба даранд. Онҳое, ки зарар надида буданд, ҳама хона гирифтанд ва ҳам дар хонаҳои худ боқӣ монданд. Мо бо аҳли хонавода як сол зиёд шуд, ки дар ба дарем. Агар ин хонаҳоро чаппа кунанд, намедонем, чӣ кор мекунему ба куҷо меравем."
Шарифаҳмоҳ Бобоева, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, тақсими ноодилонаи манзили зист ва замин ба зарардидагони офати табиӣ ҳатто боиси низоъҳои хонаводагӣ шудааст: "Хонаи маро, ки аз сел зарар дида буд, ба хок яксон карданд. Шаш хонаву дар буд, лек ба ивазаш як хона доданд. Дар миёни аҳли хонавода барои ҳамин як хона доим ҷангу ҷанҷол ҳаст."
Ҳамин тавр сокинони маҳаллаи наздик ба соҳили Тебалай дар Кӯлоб мегӯянд, агар тахриби хонаҳояшон барои мақомот бисёр зарур аст, пас, бояд ҷуброни онҳоро низ бипардозад. Масъалае, ки мақомот дар мавриди он сӯҳбат намекунанд.
Баҳси тақсими манзил ва замин ба зарардидагони офати табиӣ беш аз як сол боз дар Кӯлоб идома дорад. Шариф Камолов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, идомаи баҳсҳо нишон медиҳад, ки ҳукумати маҳаллӣ бидуни нақшаи пешакӣ амал мекунад.
"Баъд аз ҳамон сел то кунун ин баҳсҳо идома доранд. Агар тақисми манзил одилона ва беғараз мешуд, фикр намекунам, ки ин баҳсу даъво то имрӯз давом мекард. Дар куҷое ба фикрам иштибоҳ ҳаст, ки масъулини маҳаллӣ бо сабаби манфиат дидан намехоҳанд, онро ислоҳ кунанд, вагарна ин баҳсу норозигӣ кайҳо тамом шуда буд",-афзуд ин мусоҳиби мо.
ФОҶИАИ ЯК СОЛИ ПЕШ ДАР КӮЛОБ ДАР ИН НАВОРИ ВИДЕОСТ:
Як сол зиёд шуд, ки дарбадарем. Агар ин хонаҳоро чаппа кунанд, намедонем, чӣ кор мекунему ба куҷо меравем...