"ИМРӮЗ НЮС" зимни изҳори нигаронӣ ва таассуф аз қатли раҳбари пешини Афғонистон, нақши боризи ӯ дар истиқрори сулҳи Тоҷикистон ва талошҳо барои оштии миллӣ дар Афғонистонро муҳим арзёбӣ кардааст. Нашрия ба нақл аз сиёсатмадорону коршиносони афғонӣ
навиштааст, "сулҳхохиву таҳаммулпазирии устод Раббонӣ боис гардид, ки то ҳадде пайдо шудани гурӯҳи Толибонро дар ҷануби ин кишвар нодида гирад ва онҳоро ба далели аҳли суннат будану исломӣ буданашон хатарнок напиндорад. Аммо тадриҷан ин гурӯҳ, ба сармоягузории Ғарб қувват гирифтаву ниҳоят ҳукумати Раббониро аз байн бурданд." Нашрия ҳамчунин суханони Латифи Пидром, раиси Кунгураи байнулмилалии Афғонистонро, ёдовар шудааст, ки қаблан гуфта буд, "дар Афғонистони феълӣ кӯшиши нобуд кардани чеҳраҳои фарҳехтаву шинохтаи тоҷиктабор "тарҳрезӣ" шудааст ва мисоли рӯшани он сӯиқасди бенатиҷа ба ҷони устод Исмоилхон буд."
"ҶУМҲУРИЯТ" дар матлаби "Ҳалокати Раббонӣ фоҷиаи бузург аст" аз Бурҳонуддини Раббонӣ ба унвони "бузургтарин сиёсатмадори Афғонистон дар 10 соли ҷанг бо Иттиҳоди Шуравӣ ва солҳои баъдӣ" ном бурдааст. Нашрия навиштааст, "имрӯз ҳар фарди башардӯсту оштипарвари ҷаҳон, ба вижа мардуми порсигӯ, аз марги Бурҳонуддини Раббонӣ ҳамчун инсони нек ва мусалмони комил ғамгин буда, ба қотилони номарди ӯ лаънат мехонанд."
"Президенти Тоҷикистон рӯзи мотам эълон кунад"
"МИЛЛАТ" шумораи ин ҳафтаи худро ба марги устод Раббонӣ ихтисос дода ва бо чопи акси ӯ дар сафҳаи аввал навиштааст, ки "Миллат мотам дорад. Устод Раббонӣ кушта шуд." Нашрия аз президенти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки "як рӯзро дар саросари кишвар азои умумӣ эълон кунад. Дар ғайри ин сурат мо аҳди бародарии худро адо накардаем." Матлабҳои "Устод Раббонӣ террор шуд. Акнун шаҳсутуни муқовимати тоҷикон шикаст", "Раббонӣ Фирдавсии замона ва Масъуд Рустами қаҳрамони ӯ буд" ва "Сентябри шум ва ё терори Устод Раббонӣ ба манфиати кист?" ба ҳодисаи террори устод Бурҳонуддини Раббонӣ ихтисос доранд.
"Хуни ҷавонон ба гардани сокинони Камароб"
"СССР" матлаберо ба солгарди ҳамлаи Камароб, ки бар асари он 28 афсару сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон кушта шуд, ихтисос дода ва акси 25 нафар аз онҳоро, ки рӯзи 19 сентябри соли 2010 ба қатл расиданд, чоп кардааст. Нашрия дар ин матлаб, ки "Фоҷиаи Камароб..." ном дорад, менависад, "расо 1 сол муқаддам дар Камароби Рашт, ки то ин дам машҳур ба суруди Акашариф Ҷураевбо ин матлаъ будӣ: "Ай дараи Камароб анора овардане..." садои таркиши тиру тӯп садо доду чанд хирасари бемаънӣ ва беадабу худонотарс хуни 25 ҷавонро бар замин рехтанд ва барои 1 умр Камаробро шармандаи оламиён карданд." Муаллифи матлаб дар идома менависад, "биёед, фош бигӯем, ки хуни ин ҷавонон ба гардани сокинони Камароб ҳам ҳаст: ба гардани онҳое, ки аз сирри маҳаллӣ воқиф буданду ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада гаштанд. То вақте дар Тоҷикистон ҳузури низомии дигар кишварҳо вуҷуд дорад, ҳаводиси Камароб, Тавилдара, Кӯлоб, Хоруғ, ки тайи се соли ахир сар задаанд, такрор хоҳанд шуд."
Шоҳ Искандаров: "Ватанфурӯш нестам"
"АЗИЯ-ПЛЮС" мусоҳибаи ихтисосиеро бо Шоҳ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини давлат ва ҳоло муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои минтақаи Раштро мунташир кардааст. Ӯ дар мавриди ҳаводиси Камароб, ширкаташ дар амалиёти алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ ва вазъи минтақа сӯҳбат кардааст. Хулосаи ҷаноби Искандаров ин аст, ки "ман ватанфурӯш нестам ва хидмат ба ватанро барои худ қарз мешуморам". Ба таъкиди Искандаров, вай то замони вуқӯи ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар бораи мавҷудияти Мулло Абдулло ва гурӯҳи вай дар Рашт хабаре надоштааст, аммо танҳо пас аз ин ҳодиса довталабона кӯмаки худро ба мақомоти давлатӣ пешниҳод кардааст.
Фармонро кӣ бояд диҳад?
"НАҶОТ" мавзӯи судури фармонҳо тариқи вазоратхонаҳо ва идороти давлатиро ба риштаи таҳлил кашида ва навиштааст, ки "дар Тоҷикистон як фармонраво вуҷуд дорад, бояд танҳо ӯ фармон бидиҳад, аз ин рӯ вазоратҳои кишвар ба худ раво надонистанд, ки ба зердастони худ фармон содир намоянд, ба ин хотир ҳамеша ҳар чизе, ки хоҳанд, "фармоиш" медиҳанд, яъне "заказ" мекунанд." Нашрия дар матлаб, ки "Вузарову руасо "заказ" медиҳанду президент фармон" ном гирифтааст, навишта, ки "дар мавриди он ки "фармон"-ро танҳо президент дода метавонад, бояд гуфт, ин ҳам боз як амалест, ки ба амиқ шудани решаҳои авторитаризм дар кишвар замина мегузорад. Ҳол он ки ҳар як масъул салоҳияти хос дорад ва шарт нест, ки президент ҳамаи масъулинро дар ҳама кор "идора" намояду таъкид."
Марги муҳоҷири тоҷик бештар аз сарбозон дар Афғонистон
"НИГОҲ" дар матлаби "Қаҳрамон ва "қаҳрамон" бори дигар ба мавзӯи қатлу куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия пардохта ва навиштааст, "Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон мемиранд. Агар ба Тоҷикистон соли 2008 - 615, 2009 - 870, 2010 - 1000 ва дар 8 моҳи имсол наздики 600 ҷасад интиқол ёфтааст, дар Афғонистон нерӯҳои хориҷӣ соли 2008 - 232, 2009 - 521, 2010 - 711 ва имсол то 800 сарбози худро аз даст додаанд." Ба навиштаи нашрия, "набарди тоҷикон дар майдоне ба унвони Русия ҷараён дорад. Сокинони Тоҷикистон аз дасти миллатгароёни рус, маризӣ, ҳодисаҳои нохуш, бештар садамаҳои нақлиётӣ кушта мешаванд ва ё мефавтанд."
Набарди тоҷикон дар майдоне ба унвони Русия ҷараён дорад. Сокинони Тоҷикистон аз дасти миллатгароёни рус, маризӣ, ҳодисаҳои нохуш, бештар садамаҳои нақлиётӣ кушта мешаванд ва ё мефавтанд...
"Нигоҳ"