Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои хабарӣ. Акнун дар шаш моҳ як бор


Бино ба фармони нави раисиҷумҳур нишастҳои хабарии семоҳаи мақомот минбаъд баргузор намешаванд.

Дар ин бора дастури раисиҷумҳур нашр шудааст, ки мегӯяд, ниҳодҳои расмии ин кишвар муваззаф нестанд, ҳар се моҳ дар назди хабарнигорон аз фаъолияти худ гузориш диҳанд ва ба суолҳои онҳо
Бе ин дастур ҳам Тоҷикистон дар рейтинги созмонҳои мудофеи ҳуқуқ як кишвари ноозод ва баста муаррифӣ мешавад...

посух бигӯянд.

Ин нишастҳо, ки аз соли 2005 ба ин сӯ як амали ҳатмӣ буданд, акнун соле ду дафъа баргузор хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки хабарнигорон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо ин дастурро мадудудият дар дастрасии журналист ба манбаи хабар арзёбӣ мекунанд, аммо мақомоти ҳукумат мегӯянд, ин қарор дар фаъолияти хабарнигорон ҳеҷ гуна маҳдудият ворид нахоҳад кард.

Маҳмудхон Сараев
Маҳмудхон Сараев, сармутахассиси шӯъбаи таҳлил ва иттиллооти дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишастҳо умдатан гузориши масъулон аз фаъолияти семоҳаи онҳо шунида мешуд. Дар ин миён худи онҳо низ бидуни реҷа нишастҳо баргузор мекарданд ва ба ин тартиб дар тӯли се моҳ ҳарфе барои гуфтан намемонд.

Ҷаноби Сараев мегӯяд, дастури раисиҷуҳмҳур таъкид мекунад, ки дар сурати зарурат ниҳодҳои масъул муваззаф мешаванд, нишасти матбуотӣ баргузор кунанд ва иттилои муҳимро ба самъи ҷомеа расонанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим



Бо ин ҳол бархе аз коршинсон ва хабарнигорон коҳиши давраҳои нишастҳои матбуотӣ аз сӯи давлати Тоҷикистонро як навъ монеа ва ихлол дар роҳи озодии баён ва дастрасӣ ба сарчашмаи иттиллооти расмӣ арзёбӣ мекунанд.

Исфандиёри Халил
Исфандиёри Халил, хабарнигор аз нашрияи "Озодагон" мӯътақид аст, ки иллати содир шудани ин амр пешгирӣ аз матраҳ ва ифшошавии маълумоте ҳаст, ки расонаӣ шудани онҳо ба обрӯ ва нуфузи масъулин зарба мезанад. Вай афзуд, барои мисол, то ба имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон нафаҳмид, ки соҳиби ширкати пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд кӣ аст, аммо аз он ки ин мавзӯъ бо чанд вазиру масъул дар нишастҳои матбуотӣ дар миён гузошта шуд, нороҳатиҳо барои онҳоро эҷод кард.

Тасмими коҳиши мулоқоти мақомот бо хабарнигорон дар ҳоле қабул шудааст, ки солҳои ахир бо вуҷуди фишорҳо матбуоти маҳаллӣ қарору қадамҳои ҳукуматро ҷиддан таҳлил ва ҳукуматро дар назди ҷомеа посухгӯй мекунад.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ин нишастҳо бештар ба ҳисобот ва гузориши масъулон табдил шуда буд, аммо хабарнигорон аз ин нишастҳо ба унвони манбаи хабару маълумоти расмӣ ва таҳлилу баррасиҳо истифода мекарданд.

Дар зимн, бе ин дастури раисиҷумҳур ҳам Тоҷикистон дар рейтинги созмонҳои мудофеи ҳуқуқ як кишвари ноозод ва баста муаррифӣ мешавад. Дар соли ҷорӣ низ Тоҷикистон бо зери фишор гузоштани нашрияҳо аз тариқи додгоҳҳо ва ҳамин тавр барои чанд муддат дар чопи онҳо эҷод кардани монеа мавриди интиқод қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG