Роҳи деҳкадаи Рарз ин минтақаи кӯҳиро бо маркази ноҳия ва бо пойтахти Тоҷикистон пайваст мекунад, аммо дар охирҳои моҳи июл бар асари хокрезиш, наздики як километр масофаи ин ҷода зери хоку гил монда рафтуомад, хусусан, убури мошинҳоро номумкин карда буд.
Бо вуҷуди ин ки дар авоили моҳи август як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии нахуствазир ОҚИЛ ОҚИЛОВ ба ҷои ҳодиса омада, масъалаи эҳёи роҳро баррасӣ намуд, вале ҳамакнун беш аз як моҳ мешавад, ки вазъ бадтар шудаасту беҳтар не.
Тақрибан ҳамарӯза сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳоти Шамтичу Вешаб, Похуду Шавакти ноҳияи Айнӣ ба дафтари Радиои Озодӣ тамос гирифта ва аз вазъи печидаи давомдор дар ин мавзеъ шикоят мекунанд.
ВАҚТЕ РОҲ НЕСТ... (Тасвири бештарро аз ин ҷо бубинед)
АББОС МИРЗО, як сокини Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯяд: "Бо камазҳои 10-тоннагӣ картошкаро ба мавзеи вайроншуда меоранду дар ин ҷо аз мошин ба замин мерезанд ва ба харҳо бор намуда ба он тараф мегузаронанду боз мошини дигар кироя карда, баъд ба Душанбе мебаранд. Барои гузаронидани ду халтаи картошка 10 сомонӣ мегиранд. Як бор сарвазир омаду дигар ҳама чиз фаромӯш шуд. Ин тараф ағбаи Вешабро кушоданд, вале мошинҳо борбар наметавонанд аз он ҷо гузаранд. Як "Камаз" дар он ҷо чаппа шуда, ронандааш ҷон дод. Як мошини тамғаи "Муссо" ҳам дар ҳамин ағба дучори садама шуд. Ҳоло мегӯянд, ки ҳамин ҳафта роҳро бунёд мекунем, лекин бовар надорам."
Як сокини дигари ҳамин ноҳия мегӯяд, картошкаи ҷамъоварикардаи ӯ пӯсидааст, зеро имкони интиқоли он ба бозорҳо вуҷуд надорад. Вақте бо муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ҶУМЪАХОН ЗУҲУРОВ дар тамос шудем, вай дар деҳаи Рарз қарор дошт ва гуфт, ки бояд дар ду-се рӯзи оянда як роҳи муваққатӣ барои рафтуомад боз карда шавад: "Албатта, мехоҳем, ки ҳар чӣ зудтар роҳ дуруст карда шаваду мардум тавонанд картошкаҳои худро интиқол диҳанд, мо роҳи ағбаи Оббурдонро кушодем, ағбаи Вешабро кушодем, албатта, масофа дур мешавад, вале ҳоло талош дорем, ки як купрӯк дуруст кунем ва роҳи муваққатӣ боз кунем, шояд ҳафтаи оянда дуруст шавад."
Як мутахассиси роҳсоз мегӯяд, онҳо низ ба таъмири ҳамин роҳ машғул ҳастанд. Вай сабаби таъхир дар ҳамвор кардани роҳро шарҳ дода мегӯяд, ин бемасъулиятии ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва вилояти Суғд мебошад, ки идораҳои роҳсозиро бо техникаи дуруст ва бо маводи сӯхт таъмин намекунанд.
Мутахассисон бо трактору булдозерҳо ҳафтаҳо бекор истодаанду аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллии минтақа пуштибонии саривақтӣ надиданд ва кор то ба ин ҷо кашид. Дар ҳоли ҳозир низ мақомоти Вазорати нақлиёт ва идораҳои роҳсозии навоҳии ин минтақа ба таври дақиқ намедонанд кай роҳ ҳамаҷониба бозу тахту ҳамвор хоҳад шуд.
Бо ин ҳол Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бо вуҷуди таъмиру тармими шоҳроҳҳои Тоҷикистон бо маблағгузории Чин ва кишварҳои дигар, роҳҳои миёни навоҳӣ ва дохили ноҳияҳо ҳанӯз таъмиру бозсозӣ нашудаанд. Ин вазорат мегӯяд, дар ин амр ба маблағи зарурӣ ниёз дорад, ки онро дар ихтиёр надорад.