Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи се намуди нави паранда дар Бадахшон


Гурӯҳи донишмандони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов бо анҷоми таҳқиқоти дарозмуддати олами парандаҳо дар минтақаи Вахони Ишкошим изҳор доштанд, ки онҳо дар ин ҷо ба се намуди нави паранда дучор омадаанд.

Ба гуфтаи номзади улуми биологӣ ва узви гурӯҳ Абдулназар Абдулназаров, ташхиси лабораторӣ собит сохт, ки ин навъи паррандаҳо на танҳо барои муҳити зисти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои собиқи Шӯравӣ низ нав мебошанд.

Як намуди парранда навъи соч буда, ба тоҷикӣ "сочи барамин" ном гирифтааст. Аммо ду намуди нодири парандаи дигар бо номҳои лотинии acrocepralus orinis ва ardeola graula ба қайд гирифта шудаанд.

Ба қавли пажӯҳишгарон яке аз ин намуди паррандагон ду аср қабл аз ҷониби паррандашиноси маъруфи англис Октавиан Ют дар Ҳиндустон кашф шуда, паррандашиносони дигар ин намудро дучор наомадаанд. Ҳоло бо гузашти асрҳо ин парранда дар минтақаи Вахон аз худ дарак додааст.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, дар минтақаи Вахони Ишкошим дучор гардидани парандагони нодир аз вижагии ин маҳал бармеояд, ки аз
олами рангини парандагони Ҳиндустон онро фақат қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ҷудо месозанд. Сабаби дигар ба мақари парандагони нодир табдил ёфтани Вахон дар моварои роҳи кӯчи парандагон аз ҷануб ба шимол воқеъ гардидани ин минтақа арзёбӣ мешавад.

Дар қатори парандагони нодири дигар сокинон ва сайёҳон ҳамасола дар фасли баҳор шоҳиди лонагузории ғозҳои сафеди ҳиндӣ дар Зоркул, воқеъ дар минтақаи Вахон, мегарданд. Ба иттилои олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол олами парандагони Бадахшон 218 намудро дар бар гирифта, дар ин миён 16 намуди навашон маҳсули пажӯҳишҳои қариб ду даҳсолаи охири олимони парандашинос дар минтақа будааст.

Ошкор шудани намудҳои нави парандагонро дар минтақа олимон аз як сӯ ба кам омӯхта шудани олами парандагони ин ҷо рабт медиҳанд, аммо аз тарафи дигар онро натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим мешуморанд. Ба гуфтаи Абдулназар Абдулназаров, аммо ба 24 намуди парандагони нодир, ки дар Помир паҳн гардиданд, хафви нобудшавӣ таҳдид мекунад.

Абдулназар Абдулназаров
Вай гуфт, ҳилоли тибетӣ, бургут, дурроҷи сафедсар, мурғи ҳумо, лошахӯри ҳимолоӣ, лошахӯри сафедсар, дуборадар аст, ки бояд шомили китоби сурх шаванд. Парандашиносон мегӯянд, солҳои пеш майна барои минтақаи Бадахшон парандаи бегона буд, вале акнун овози он дар маҳалҳои наздик ба маркази вилоят ҳам шунида мешавад.

Ба назари Абдулназар Абдулназаров, ташрифи меҳмони нави болдор ва муқимӣ шудани он дар навоҳии Бадахшон ба омилҳои иқлимӣ вобаста аст. Зеро майна дар солҳои 50-уми қарни гузашта дар Туркманистон ва сипас дар минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пайдо шуда, айни ҳол ба боду ҳавои Бадахшон низ мутобиқ шудааст. Вай гуфт, баъзе аз намуди парандагон ба мисли фохтаки ҳалқадор, фохтаки майда ва майнаи ҳиндустонӣ дар дигар ҷойҳо буданд, аммо дар Бадахшон солҳои охир ба чашм мехӯранд.

Гурӯҳи парандашиносони Донишгоҳи Маскавро, ки ба муддати ду моҳ дар минтақаи Вахони ноҳияи Ишкошим корҳои таҳқиқотӣ анҷом доданд, олими саршиноси соҳа Павел Кварталнов роҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG