Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши иди истиқлолият дар Хоруғ


Субҳи 7 сентябр дар намоиши идона дар Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор сокинони вилоят ширкат варзиданд.

Ровии намоиши идона дар маркази вилоят, журналист Файзи Мирҳасан мегӯяд, ин серодамтарин ва пуршукӯҳтарин намоиш дар Хоруғ пас аз суқути шӯравӣ будааст.

Ба гуфтаи ӯ, агар он вақт сафи одамон аз назди ҳайкали доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин мегузашт, акнун издиҳом аз пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ рад шуд. Вале эҳсоси гарм ва хушҳолии мардум ҳамранги он замон буданд.

Қариб1000 нафар аз сарбозони нерӯҳои марзбонӣ ва ҷузву томҳои Вазорати дифои Тоҷикистон аз кӯчаи марказии шаҳр гузаштанд. Кормандони корхонаву муассисаҳо бо шиоирҳои зиёд, ки аз дастовардҳои 20 соли истиқлолияти кишвар ҳикоят мекарданд, дар саф ҳаракат намуданд.








Аммо, ба гуфтаи бархе аз шаҳрвандони Хоруғ, ҳарчанд намоиши кунунӣ ба намоишҳои серодами даврони шӯравии собиқ шабоҳат дошт, ҳанӯз ба дараҷаи он замон нарасидааст.

Варзишгар Фаррух Раҳматов ёдовар мешавад, ки он вақт дар намоишҳои идона мардуми бештаре ширкат меварзид ва қатори одамон аз чаҳор тарафи кӯчаҳои шаҳр ба майдони марказӣ ҳаракат мекард. Ба фикри вай, вазъи беҳтари иҷтимоиву иқтисодии он давра ба рӯҳияи идонаи мардум таъсири бештаре доштааст.

Дар ҳамин ҳол бегоҳӣ дар майдони маркази шаҳр бо ширкати қариб 1000 нафар аз ҳунрмандону донишҷӯён ва мактаббачагон консерти идона баргузор мешавад.

Дар намоиши идонаи субҳи 7-уми сентябр муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муҳаммадамин Муҳаммадаминов ширкат варзиданд.
XS
SM
MD
LG