7 нафаре, ки додгоҳи вилояти Хатлон бо ҷурми ширкат дар ошӯби сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев маҳкум ба 16 соли зиндон кард, қасд доранд, ба Додгоҳи олӣ ва мустақиман ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунанд. Қозии парванда Тоҳир Ҳамзаев гуфтааст, бар асоси қонуни афв аз ҳукми ин афрод ҳамагӣ дусолӣ кам хоҳад шуд. Аммо Абдураҳмон Тӯраев, вакили мудофеъи яке аз муҷримон гуфт, онҳо баъди ошӯби соли 1997 тайи 13 соли дигар дар Тоҷикистон зиндагии осӯда дошта, бархеаш ҳатто дар ниҳодҳои интизомӣ дар мақомҳои баланд ифои вазифа мекарданд. Маҳкумин аз афроди содиқ ба вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов маҳсуб мешаванд. Худи Салимов дар соли 2004 ба 15 соли зиндон маҳкум шуд ва феълан зиндонист.